Хабарҳо
ТАДЖИКИСТАН: ОТ ШКОЛЬНОГО ИЗГОЯ ДО ГУРУ ПРОПАГАНДЫ «ИСЛАМСКОГО ГОСУДАРСТВА» - 14.12.2018 17:07
Баргузории маҳфили адабӣ бахшида ба 40 солагии фаъолияти профессор Матлубаи Мирзоюнус - 14.12.2018 16:16
Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯён мулоқот орост - 14.12.2018 14:11
Аз Паём то Паём. Дар вилояти Суғд 48 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуд - 14.12.2018 13:38
Шуруъ аз 15 декабр барномаҳои солинавӣ пешниҳоди омма гардонида мешавад - 14.12.2018 13:35
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи «Guangzou Judo Masters 2018» Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад - 14.12.2018 13:02
ПАЁМИ ТАБРИКИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронсҳои илмии байналмилалӣ ба муносибати 400-солагии Сайидои Насафӣ ва 550-солагии Наҷмиддини Кавкабӣ - 14.12.2018 13:00
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо Хуан Сзян Чун - 14.12.2018 12:56
Муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодом - 13.12.2018 14:26
Н О Г У Ф Т А Ҳ О ё дар интизори аломати нуқта - 13.12.2018 23:27

Суғд: Дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барф дар назар аст

( 0 Овоз )

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 14-19 ва рӯзона 5-10 дараҷа хунук мешавад.

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки дар робита ба бориши барф рӯзҳои 5-7 декабр дар роҳҳои кӯҳии мошингарди Тоҷикистон яхбандӣ мешавад. Дар роҳҳои мошингарде, ки хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад, ҳатман бояд масофаи зарурии миёни мошинҳо то 500 метр риоя карда шавад. Инчунин аз 6 то 9 декабр дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ба ғайр аз ВМКБ хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.

Обуҳавошиносони мамлакат иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш, шабона боридани барфу борон ва баъзан фаромадани туман дар назар дошта шудааст.

АМИТ Ховар дар такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2 -7 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш, танҳо шабона дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок, дар водиҳо бебориш ва баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4-6 дараҷа гарм мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Суғд: Дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ боридани барф дар назар аст