Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Тоҷикистон ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё роҳ ёфт

( 0 Овоз )

Конфедератсияи футболи Осиё рӯзи 4 декабр Тоҷикистонро ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё – мӯътабартарин мусобиқаи байни дастаҳои ин қора роҳ дод. Қаҳрамони соли ояндаи футболи Тоҷикистон метавонад аллакай дар мусобиқаҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё -2019 ширкат кунад. Тибқи иттилои АМИТ Ховар ин хушхабарро корманди масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон Нуралӣ Хоркашев дар саҳифааш дар Фейсбук нашр кардааст.

Бино ба навиштаи Нуралӣ Хоркашев, ин қарори Конфедератсияи футболи Осиё 4 декабр дар як семинари ин ниҳоди варзишӣ дар шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия эълон шудааст. Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон бо шарофати ҳунарнамоии хуби дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ба шарафи иштирок дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё даст ёфтааст. «Истиқлол» ду соли охир ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми КФО роҳ ёфта буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Тоҷикистон ба Лигаи қаҳрамонҳои Осиё роҳ ёфт