Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 16:01
Икром Солибоев мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид - 21.09.2018 14:52
Филми ҳунарии "Сайёра ранг иваз мекунад" пешниҳоди тамошобинон гардид - 24.09.2018 14:50
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам - 21.09.2018 18:18
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт - 24.09.2018 14:14
Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд - 24.09.2018 14:11
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.09.2018 13:13
Тақдими китобҳои дарсӣ ба навоҳии тоҷикнишини Қирғизистон - 24.09.2018 13:09
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 13:05
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12

Омодагиҳо ба мавсими нави обёрӣ. 396 дастгоҳи обкашӣ аз таъмир бароварда шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади омодагӣ ба мавсими нави обёрӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмири истгоҳҳои обкашӣ, дастгоҳҳо, чоҳҳои амудӣ, зеристгоҳҳо, трансформаторҳо ва хатҳои барқӣ ҷараён дорад.

Тибқи иттилои муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Абдуллоҷон Солиҷонов дар ноҳияҳои Ашт 9 адад, Айнӣ 6, Бобоҷон Fафуров 26, Зафаробод 5, Исфара 8, Конибодом 4, Мастчоҳ 11, Панҷакент 6, Спитамен 10, Ҷаббор Расулов 24 ва Истаравшан 1 адад дастгоҳ таъмир гардида, дар маҷмӯъ 396 дастгоҳ аз таъмир бароварда шуд. Ҳамчунин, 20 чоҳи амудӣ, 10 зеристгоҳ, 15 трансформатор, 89 сулул (ячейка), 2,3 километр хатти барқ, 2,4 километр хатти обёрии пӯшида, 1 километр новаҳо, 54 адад иншооти гидротехникӣ, 51 адад воситаи ченаки об, 15 экскватор ва 7 булдозер таъмир гардида, айни ҳол корбарӣ дар ин самт бомаром ҷараён дорад.

Масъулини идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар баробари корҳои таъмир тоза намудани хатти шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳканҳоро ба иҷро расонида, то ин имрӯз 62,7 ҳазор мукааб метр заҳбуру заҳкан ва 142,1 ҳазор мукаабметр хатти шабакаҳои обёриро тоза намуда, ба мавсими навбатӣ омода шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Омодагиҳо ба мавсими нави обёрӣ. 396 дастгоҳи обкашӣ аз таъмир бароварда шуд