Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 16:01
Икром Солибоев мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси вилоят таъин гардид - 21.09.2018 14:52
Филми ҳунарии "Сайёра ранг иваз мекунад" пешниҳоди тамошобинон гардид - 24.09.2018 14:50
Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам - 21.09.2018 18:18
Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 бо тамоми талаботи ҳуқуқӣ расман ба марҳилаи сохтмон гузашт - 24.09.2018 14:14
Раиси вилоят рӯзи якшанбе бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанд шинос шуд - 24.09.2018 14:11
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.09.2018 13:13
Тақдими китобҳои дарсӣ ба навоҳии тоҷикнишини Қирғизистон - 24.09.2018 13:09
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд - 24.09.2018 13:05
Машқҳои муштараки низомиёни Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир" /АКСҲО/ - 21.09.2018 17:12

Исфара. Ҷаласаи аввалини комиссияи шаҳрӣ оид ба рӯйхатгирии аҳолӣ доир шуд

( 0 Овоз )

Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҷаласаи аввалини комиссияи шаҳрии мусоидат ба рӯйхатгирии аҳолӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он вазифаҳои аввалиндараҷаи идораву ташкилот ва комиссияву ашхоси масъул дар марҳилаи якуми тайёрӣ ба маъракаи барӯйхатгирии соли 2020-ум мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҷаласа сардори раёсати омори шаҳри Исфара Атохон Хоҷаев таъкид намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи марҳилаи якуми тайёрӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ муайян намудани ҳудуди шаҳру деҳот ва сарҳадоти он, ба тартиб овардани кучаҳо ва гузоштани лавҳаю рақамҳо, тартиб додани нақшаҳои схематикии шаҳру шаҳрак ва деҳаҳои калон, харитаи ноҳия, тафтиши дақиқи мукаммалии баҳисобгирии аҳолӣ ва таъсиси комиссияҳои мусоидатӣ дар ҷамоатҳо ва муассисаҳои дахлдор маҳсуб мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади ба даст овардани маълумот дар бораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳияи дурнамои давлатӣ, консепсияву стратегияҳо, барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва демографӣ мутобиқ ба Фармони Президенти мамлакат аз 12-уми октябри соли 2015 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2020-ум дар қаламрави мамлакат маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида хоҳад шуд. Вобаста ба ташкил ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани чорабинии мазкур қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Исфара. Ҷаласаи аввалини комиссияи шаҳрӣ оид ба рӯйхатгирии аҳолӣ доир шуд