Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Мулоқоти фаъолзанон ҷиҳати пешгирии хушунати хонаводагӣ

( 0 Овоз )

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар доираи чорабинии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» мулоқоти фаъолзанон, роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор» бо мудирони шуъба ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сурат гирифт.

Муяссар Сангинова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр ҳадафи баргузории мулоқотро пешгирии хушунати хоноводагӣ, ташаккул додани муносибати эҳтиромона дар ҷамъият ва мушарраф гардидан ба баробарии гендерӣ, решакан намудани ақидаҳои хурофотӣ ва ғайраҳо унвон намуд.

Дар мулоқот Заррина Абдуқодирова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор», фаъолзан Мастура Темурова, Малика Мирзобаҳодурова, директори Ассотсиатсияи миллии соҳибкории занон ва Мӯҳсин Миркамолов мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баромад карда, андешаҳои хешро дар самти пешгирии хушунат иброз намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти фаъолзанон ҷиҳати пешгирии хушунати хонаводагӣ