Хабарҳо
Омодагиҳо ба мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ /АКСҲО/ - 19.06.2018 20:13
Иштироки Раиси вилоят дар маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” - 19.06.2018 16:46
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - 19.06.2018 10:22
Ба ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018” 9 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мешавад - 19.06.2018 08:52
Баргузории маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бо ширкати Гулрухсор ва Фарзона - 19.06.2018 08:37
Дар Хуҷанд байни дастаҳои шиноварии кишварҳои ИДМ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад - 18.06.2018 10:16
Ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва ҷумҳуриявӣ бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд - 18.06.2018 09:39
Дар вилояти Суғд озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол” гузаронида мешавад - 18.06.2018 09:37
100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд - 16.06.2018 17:33
100 кг наркотиков и оружие: ГКНБ задержал жителя ГБАО Видео - 16.06.2018 09:56

Раъно Насриддинова ғолиби озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ» ва соҳиби “Планшет” шуд

( 0 Овоз )

Дар толори Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ маросими ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ» доир гардид.

Тавре аз маъмурияти Китобхонаи вилоятӣ иттилоъ доданд, доварон бо тартиби муайян иштирокчиёни озмун–хонандагонро аз рӯйи феҳрасти китобҳои мутолиакардаашон як-як дар ҳузури китобдорону омӯзгорон ва роҳбарон имтиҳон карданд. Онҳо ба ҳар як иштирокчӣ панҷ савол дода, аз рӯйи ҷавобҳои хонандагон хол гузоштанд. Дар натиҷа аз ҳаждаҳ хонандаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Зафаробод, Мастчоҳ, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, шаҳрҳои Гулистону Бӯстон, Истаравшан, Истиқлол, Исфара, Конибодому Панҷакент ва Хуҷанд Шоҳҷоизаи озмун – “Планшет”-ро хонандаи синфи 8 МТМУ№28 ба номи Сайфиддин Нисоеви шаҳри Панҷакент Раъно Насриддинова бо ба даст овардани 242 хол соҳиб шуд.

Барои иштироки фаъолона дар озмуни мазкур ҳамчунин як қатор хонандагон бо туҳфаҳою ифтихорномаҳои Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Китобхонаи вилоятӣ қадрдонӣ шуданд.

Хотирнишон бояд кард, ки озмуни мазкур ба муносибати 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раъно Насриддинова ғолиби озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ» ва соҳиби “Планшет” шуд