Хабарҳо
Комил Салимзода ба донишҷӯёни камбизоат 3000 сомонӣ кумакпулӣ тақдим кард - 13.12.2017 09:05
Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич Рустам Ҷӯразода бо донишҷӯён - 12.12.2017 16:44
Назарзода Қудратулло Бобо сардори РВКД дар вилояти Суғд таъин гардид - 12.12.2017 15:00
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин ва озод намудани судяҳо - 12.12.2017 14:59
Дар шаҳри Хуҷанд арчаи солинавӣ қомат афрохт - 12.12.2017 14:58
Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ - 12.12.2017 13:15
Мулоқоти толибилмони литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо муҳассилини макотиби миёна - 12.12.2017 09:39
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои таърихию қадимаи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - 11.12.2017 15:34
Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум 26 декабр баргузор мешавад - 11.12.2017 13:34
Мулоқоти раисони ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо донишҷӯён - 11.12.2017 13:21

Алексей Фролов : « Шаҳри Хуҷанд барои ман дуёни наверо боз намуд»

( 0 Овоз )

Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Агентии федеролии Федератсияи Россия оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ "Россотрудничество" Алексей Фролов дар чаҳорчӯбаи сафараш ба шаҳри Хуҷанд аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва фароғатии ин шаҳри бостонӣ боздид намуда, таасуроти хешро қабл аз намоиши барномаи ситораҳои Филармонияи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар «Кохи Рӯдакӣ» баён дошт.

Алексей Фролов гуфт, ки «Осорхонаи таърихӣ, Боғи Камоли Хуҷандӣ, Маҷмааи «Истиқлол», гулҳои зебою пуртароват ва аз ҳама муҳимаш мардуми дидадаро, кушодачеҳра, зебою барнои шаҳри Хуҷанд маро ба ваҷд овард. Ман, ки бори аввал ба шаҳри бостонии Хуҷанд ташриф меорам, чеҳраи саршор аз табассуми пиру барнои сокинони шаҳр, хиёбонҳои тозаву ороста, мардуми орому пуртамкин, кӯчаҳои обод, хонаҳои тоза, хӯрокҳои болаззатро дидаву чашидам ва фикру зикрамро нисбати миллати тоҷик дигар намудам. Ба қадимию ориёӣ будани ин халқи кӯҳан бори дигар итминон ҳосил кардам. Шаҳри Хуҷанд барои ман дуёни наверо боз намуд. Шумо хуҷандиён фахр намоед, ки дар чунин шаҳри зебою ором зиндагӣ ба сар мебаред».

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 30 ноябр дар шаҳри Хуҷанд маросими ифтитоҳи бинои Маркази илм ва фарҳанги Россия бо иштироки сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Фролов, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Агентии федеролии Федератсияи Россия оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ "Россотрудничество" Алексей Фролов, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва меҳмонон баргузор гардид. Бегоҳии ҳамон рӯз дар Кохи Рӯдакии маркази вилоят барномаи фарҳангии ситораҳои Филармонияи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия манзури тамошобинон гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Алексей Фролов : « Шаҳри Хуҷанд барои ман дуёни наверо боз намуд»