Хабарҳо
Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ - 18.11.2017 21:25
ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ” - 18.11.2017 21:23
Машварати кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд - 18.11.2017 17:35
Ифтитоҳи навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении ҶДММ “Суғд Пак” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 12:49
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ - 18.11.2017 11:39
Ифтитоҳи корхонаи дорусозии ҶДММ “Фарм Суғд” дар шаҳри Бӯстон - 18.11.2017 11:35
Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаии ҶДММ «Элегант» - 18.11.2017 10:05
Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва мулоқот бо сохтмончиёни вилояти Суғд - 17.11.2017 16:25
Ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палов» ва тақдими туҳфаҳои идона ба 160 нафар ятими кулл - 17.11.2017 14:09
Китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон” муаррифӣ шуд - 17.11.2017 12:44

Мулоқоти масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд

( 0 Овоз )

Дар маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар мулоқот сардори раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳзод Раҳимов, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олим Зоҳидзода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, гирандагони стипендияи Президентӣ, ғолибони олимпиадаҳо ҷавонони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.

Дар мулоқот масъулин доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгириҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмоннисбати ҷавонон ва эълон шудани Соли ҷавонон, барномаҳои махсуси давлатӣ барои ҷавонон  ва ғайраҳо андешаронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар мулоқотмудири шўъбаи кор бо ҷавонони ДДҲБСТ Ғайрат Бобоҷонов, гирандагони стипендияи Президентӣ Фарзона Султонова ва Амонбой Амонов доир ба дастовардҳои ҷавонони замони Истиқлолият андешаронӣ намуданд.

Дар охири мулоқот ҷавонони фаъоли шаҳрбо сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд