Хабарҳо
Соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Дар Конибодом ҳунари кулолгарӣ эҳё мешавад - 24.01.2018 08:55
Дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулов низ нархи гӯшт нисбатан арзон шуд - 24.01.2018 08:34
Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» - 23.01.2018 19:55
Даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 оғоз гардид - 23.01.2018 11:50
МИНБАЪД ҚӮРҒОНТЕППА - БОХТАР, САРБАНД – ЛЕВАКАНД, БОХТАР – КӮШОНИЁН НОМ БУРДА МЕШАВАНД. Ивази номҳои як қатор шаҳрҳо, ноҳия ва деҳаҳои вилояти Хатлон - 23.01.2018 09:51
Аз 24 январ то 16 феврал нишастҳои матбуотӣ баргузор мешавад - 23.01.2018 09:03
Вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар вилояти Суғд - 22.01.2018 15:47
Озмуни вилоятии «Тарроҳи беҳтарин» тарроҳони беҳтаринро муаррифӣ намуд - 22.01.2018 16:17
Дар таътили зимистона 100 нафар омӯзгорони пешқадам ройгон ба истироҳат фаро гирифта шуданд - 22.01.2018 16:10
Машварати кории иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода - 22.01.2018 15:52

Дар Конибодом даври шаҳрии озмуни “Маркази таълимӣ - истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” баргузор шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик, дар ин замина дарёфти беҳтарин ҳунармандони атласу адрасбоф санаи 10 нобяри соли ҷорӣ дар шаҳри Конибодом даври шаҳрии озмуни “Маркази таълимӣ - истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” гузаронида шуд.

Дар озмун намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ҳунармандони марказҳои таълимӣ-истеҳсолии ҷамоатҳои деҳот ва муасиссаҳои таълимӣ, инчунин занони ҳунарманди хонашин иштирок доштанд. Адрасбофони ҳамаи ҷамоатҳои деҳот ва муассисаҳои таълимӣ намунаҳои матоъҳои дастибофи худро нишон доданд ва ҳакамон аз рӯи шартҳои озмун ба он баҳогузорӣ намуданд. Ҳангоми баҳогузорӣ асосан ба суръати истеҳсоли матои адрас ва сифати он таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шуд. Дар натиҷа маркази таълимию истеҳсолии “Бунафша” аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ соҳиби ҷойи аввал шуд. Ҷойи дуюмро муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 ва ҷойи сеюмро  маркази таълимӣ- истеҳсолии “Ганҷина” соҳиб шуданд. Шоҳҷоиза насиби ҳунарманд - Абдуллоева Дилором аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ гардид. Дар охир ба ҳамаи иштирокдорон тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Конибодом даври шаҳрии озмуни “Маркази таълимӣ - истеҳсолии адрасбофии беҳтарин” баргузор шуд