Хабарҳо
Дар машварати корӣ вазъи соҳаи саноат баррасӣ шуд - 19.07.2018 12:02
Ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид - 18.07.2018 16:47
СЕМЕЙНЫЕ ПОСИДЕЛКИ КАБИРИ В ДОРТМУНДЕ - 18.07.2018 15:21
Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Исфара - 18.07.2018 13:50
Суғд: Истеҳсоли гӯшт, шир ва тухм афзоиш ёфт - 18.07.2018 13:49
Суғд: Ба маблағи 1 миллиарду 881,3 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд - 18.07.2018 13:44
Кабирӣ аз ислом даст кашид, аммо боз ҳам касе ба ў бовар накард (Ё чаро ҷамъомади наҳзатиён дар Дортмунд шикаст хўрд?) - 18.07.2018 10:36
«Голубая жемчужина» Таджикистана напоит всех соседей - 17.07.2018 21:44
Хуҷанд. Содироти маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёфт - 17.07.2018 16:09
Ашт. Ба маблағи 493 ҳазор доллари ИМА меваи тар содирот карда шуд - 17.07.2018 09:27

Таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳияи Спитамен

( 0 Овоз )

9 ноябр дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Спитамен бахшида ба  Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанвӣ доир шуд.

Дар чорабиниии мазкур раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, сардори Шуъбаи Вазорати Корҳои Дохили Ҷумҳурии Тоҷиткистон дар ноҳия Зуҳурзода Шамсиддин ва собиқадорону кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ, фаъолон, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони идораву ташкилотҳо иштирок намуданд.

Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим кормандони мақомоти милитсияро бо иди касбиашон табрик карда, қайд намуд, ки кормандони милитсияи тоҷик ҳамеша баҳри пойдории тартиботи ҷамъиятӣ саҳми муносиби худро мегузоранд. Имрӯз бар дӯши ин мақомот вазифаи басо пурмасъулият- муборизаи беамон алайҳи ҳама гуна ҷинояткорӣ, ҳифзи моликияти шахсӣ ва давлатӣ, риояи тартибот ва таъмини волоияти қонун гузошта шудааст.

Дар ҷамъомад ҳамзамон як гуруҳ кормандони мақомоти милитсия бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҷлили Рӯзи милитсия дар ноҳияи Спитамен