Хабарҳо
Бозии миёни дастаҳои "Хуҷанд" ва "Динамо" бо ҳисоби 2:2 ба анҷом расид - 21.04.2018 12:34
Дар Самарқанд ҳайати намояндагони вилояти Суғдро гарму самимӣ истиқбол намуданд - 21.04.2018 08:06
Ятимон дар нимароҳ намемонанд - 21.04.2018 08:00
Идомаи боздиди Раиси вилоят аз корхонаҳои саноатии маркази вилоят - 20.04.2018 14:10
Аз 20 то 22 апрел Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад - 20.04.2018 11:19
Рӯзи ягонаи ахбор: «Рушди сайёҳӣ – омили рушди ҷомеа» - 20.04.2018 09:18
Баргузории даври вилоятии Олимпиада оид ба тарғиби ҳаракати олимпӣ - 20.04.2018 09:16
Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 20.04.2018 09:14
Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии “Пунук” ва “Меҳробод” дар ноҳияи Ашт - 20.04.2018 09:12
Истаравшан. Дар шаш корхонаи хурди истеҳсолии навтаъсис наздик 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд - 19.04.2018 14:07

Ғолибони озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд

( 0 Овоз )

Дар қасри фарҳанги «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» доир гардид.

Дар қисмати расмии чорабинӣ сардори Раёсати андози вилоят Бахтиёр Султон ва сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқии хонандагон дар мавриди андоз ва андозбандӣ аст.

Тавре аз Раёсати маориф иттилоъ доданд, дар бахши «Беҳтарин шеър»и озмун Олимхон Аҳроров, хонандаи синфи 9 аз МТМУ №38-и ноҳияи Деваштич  ғолиб дониста шуда, зинаҳои дуюм ва сеюмро  Зайнаби Ғуфрон, хонандаи синфи 10, МТМУ №3-и шаҳри Хуҷанд ва Моҳира Ғаффорӣ, хонандаи синфи 10, МТМУ 35-и ноҳияи Масчоҳ ишғол намуданд.

Дар бахши «Иншои беҳтарин» ҷойи аввалро Шамсия Мадалиева, хонандаи синфи 9, МТМУ № 7- ноҳияи Ашт ба даст овард. Зинаҳои баъдӣ насиби Ҳабибахон Ҳасанзода, хонандаи синфи 11, МТМУ №12-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Суруш Руҳулло, хонандаи синфи 11, МТМУ№15-и шаҳри Панҷакент гардид.

Дар бахши «Расми беҳтарин» ғолибиятро Аъзам Миркамолов, хонандаи синфи 5, МТМУ№28-и шаҳри Хуҷанд ба даст овард. Ҷойи дуюмро Баҳтиёр Юлдошев, хонанда аз ноҳияи Ашт соҳиб шуд. Зевар Ҷумъабоева, хонанда аз шаҳри Бӯстон мақоми сеюмро касб намуд.

Ба ғолибону ҷоизадрони озмун дар вазъияти тантанавӣ диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ғолибони озмуни вилоятии «Мафҳуми андоз аз нигоҳи хонандагон» бо туҳфаҳо қадршиносӣ шуданд