Хабарҳо
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - 23.11.2017 16:28
Усули нави қабули муроҷиат дар Конибодом. Сокинон метавонанд тавассути паёмакҳои телефонӣ дархостҳояшонро пешниҳод намоянд - 23.11.2017 10:40
«Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» - баргузории чорабинии идона дар Мактаби Президентии шаҳри Хуҷанд - 23.11.2017 09:34
Имрӯз Пешвои миллат як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 22.11.2017 18:54
Дар ноҳияи Ашт таҳти унвони «Парчами давлатӣ – рамзи ифтихори миллӣ» конфронси илмӣ доир мешавад - 23.11.2017 08:48
Иштироки намояндагони вилоят дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмуни «Сапеда» - 22.11.2017 10:07
Хуҷанд. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун доир мешавад - 21.11.2017 15:29
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 сафири нав эътимоднома қабул намуданд - 21.11.2017 13:25
Суғд: Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд - 21.11.2017 11:47
Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии "Атласу адраси Суғд-2017" насиби Нилуфар Тоҷибоева шуд - 21.11.2017 11:46

Гурӯҳи тарғиботӣ дар ноҳияи Деваштич тағйиру иловаҳо ба қонуни миллиро шарҳ дод

( 0 Овоз )

Бо мақсади шарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»» дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи  Деваштич бо сокинони ноҳия мулоқотҳо баргузор гардида истодааст.

Санаи 12 сентябри соли равон дар Ҷамоати деҳоти Росровут ва Ҷамоати деҳоти Ваҳдат чунин мулоқотҳо доир гашт. Дар мулоқоти мазкур Зуфар Исмоилзода, Аҳмадҷон Қобилов  - вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умрилло Меликов - сардори шўъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мухтор Фозилзода - ректори Донишкадаи кўҳӣ - металлургии Тоҷикистон иштирок намуда, перомуни тағйиру иловаҳои воридгардида ибрози андеша намуданд.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич чунин мулоқотҳо дар дигар ҷамоатҳои ноҳия низ баргузор хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Гурӯҳи тарғиботӣ дар ноҳияи Деваштич тағйиру иловаҳо ба қонуни миллиро шарҳ дод