Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд - 22.09.2017 16:31
Иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи чоруми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об - 22.09.2017 09:47
Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо доираи соҳибкорони Штатҳои Муттаҳидаи Америка - 22.09.2017 09:33
Бозиҳои Осиё-2017: Шумораи медалҳои варзишгарони тоҷик дар Ашқобод ба 18 адад расид - 22.09.2017 09:14
Ширкатҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии хӯроквории «World Food Moscow-2017» соҳиби медали тилло ва нуқра гардид - 22.09.2017 09:04
Оғози Фестивали байналмилалии «Шашмақом» дар Конибодом - 21.09.2017 15:58
Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо - 21.09.2017 10:00
Музаффар Раҳимхӯҷаев мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд - 21.09.2017 09:45
Машварати кории Раиси вилоят бо кормандони соҳаи комплекси агросаноатии вилоят - 20.09.2017 16:49
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6 млрд. сомонӣ баробар шуд - 20.09.2017 16:16

Рамзи расмии шаҳри Гулистон тасдиқ гардид

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Гулистон зимни баргузории ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Точикистон рамзи расмии шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” тасдиқ гардид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа Арбоби ҳунари Точикистон ва раиси комиссияи озмуни рамзи шаҳр Ғафурҷон Ҷўраев дар баромади худ доир ба мақсад ва ҳадафҳои озмун, ҳамзамон тавзеҳи тарҳи нави он суханронӣ намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки тибқи қарори раиси шаҳр бо мақсади тайёр кардани Рамзи расмии шаҳри Гулистон, муаррифии шаҳр ҳамчун шаҳри саноативу истироҳатӣ, шинохти он ба сифати маркази фароғатӣ ва сайёҳиву туризми байналхалқӣ ва ба сифати як минтақаи ободу мутарақии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ озмуни лоиҳаи «Рамзи шаҳр» эълон гардида буд. Дар натиҷа тибқи Низомнома ба унвони комиссияи шаҳрӣ беш аз 10 лоиҳаи рамзҳои рассомони касбӣ ва ҳавасманд ворид гардида, ғолибият насиби рамзи рақами 10-ум гардид. Ба ғолиб ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Рамзи расмии шаҳри Гулистон тасдиқ гардид