Хабарҳо
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо кормандони соҳаи маориф - 23.02.2018 16:18
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.02.2018 14:40
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо директори генералии Корхонаи муштараки “Зарафшон” - 23.02.2018 13:53
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ - 22.02.2018 09:57
Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд - 22.02.2018 11:51
Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд - 22.02.2018 14:49
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 22.02.2018 14:59
Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо интихобкунандагон - 22.02.2018 14:10
Барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ - 22.02.2018 13:53
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова - 22.02.2018 11:30

6 сентябр дар Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно» баргузор мешавад

( 1 Овоз )

Санаи 6 сентябри соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев, воқеъ дар шаҳри Душанбе, нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно» баргузор мегардад.

Филми мазкурро ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии Суғдсинамо ба номи Комил Ёрматов аз рӯи асари «Тангнои гетӣ» -и нависандаи маҳбуби тоҷик Сорбон ба навор гирифтааст.

Филм асосан дар зодгоҳи нависанда — деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ва қисман дар шаҳри Москва сабт гардидааст.

Нақши марказии филмро Муҳаммадшариф Раҳматуллоев офаридаааст. Ҳамчунин ҳунармандон Раҷабгул Қосимова, Аҳлиддин Шарифов, Бунёд Комилов ва Сурайё Ҳакимова низ аз чеҳраҳои марказии ин филм мебошанд.

Ба иттилои Дилошуб Орифзода, продюссери “Суғдсинамо”, филми мазкур санаи 11 сентябр дар шаҳри Хуҷанд, 12 сентябр дар шаҳри Конибодом ва 14 сентябр дар шаҳри Панҷакент намоиш дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд 6 сентябр дар Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии «Тангно» баргузор мешавад