Хабарҳо
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45

Раиси вилоят собиқадорони меҳнат Абдусаттор Абдусамадов ва Ӯғилҷон Одиловаро аёдат кард

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен собиқадорони меҳнат Абдусаттор Абдусамадов ва Ӯғилҷон Одиловаро аёдат кард.​

Роҳбари вилоят аз хизматҳои собиқадорон дар рушди хоҷагии халқи ноҳия ёдовар шуда, ба пирони кор саломативу хушиҳои рӯзгорро орзу намуд.

Боиси зикр аст, ки Абдусаттор Абдусамадов 10 марти соли 1951 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шуда, соли 1972 Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмонии шаҳри Самарқандро бо ихтисоси муҳандис – сохтмончӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1972 ҳамчун муҳандис – усто дар корхонаи “Бекободметаллургстрой”-и шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз намуда, солҳои 1990 – 1992 ҳамчун раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Спитамен фаъолият дошт. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 ба вазифаи раиси ноҳияи Спитамен таъин гардида, то соли 1995 дар ин вазифа кор кардааст. Мавсуф нафақахӯр аст ва соҳиби 5 фарзанду 16 набера мебошад. Барои хизматҳои шоиста ва фаъолияти арзандаи меҳнатӣ соли 2001 бо ордени “Дӯстӣ” қадрдонӣ карда шудааст.​

Ӯғилҷон Одилова 29 сентябри соли 1953 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буда, фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1973 ҳамчун мутахассис дар Институти илмӣ – истеҳсолии боғпарварию сабзавоткории ба номи В.И.Мичурин оғоз намудааст.

Аз соли 1975 то 2014 дар Раёсати кишоварзии ноҳияи Спитамен ба ҳайси муовини сардори раёсат, сармутахассис ва мутахассис фаъолият дошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Раиси вилоят собиқадорони меҳнат Абдусаттор Абдусамадов ва Ӯғилҷон Одиловаро аёдат кард