Хабарҳо
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 20.01.2022 21:21

Таҳмина Абдуалиева дар озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон – 2021” соҳиби ҷойи аввал гардид

( 0 Овоз )

13-уми январи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон – 2021” баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур 5 нафар – Гулру Гулбекова-мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ, Мунира Ризоева-мураббияи муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар, Таҳмина Абдуалиева – мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд, Фирӯза Ғаниева-мураббияи муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе, Маҳбуба Пулодова-мураббияи муассисаи томактабии №1-и шаҳри Турсунзода иштирок карданд. Ҳамин тариқ, тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон Гулру Гулбекова-мураббияи Маркази инкишофи барвақтии кӯдаки Хазинаи Оғохони шаҳри Хоруғ ва Маҳбуба Пулодова-мураббияи муассисаи томактабии №1-и шаҳри Турсунзода соҳиби ҷойи сеюм, Мунира Ризоева-мураббияи муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи дуюм, Таҳмина Абдуалиева – мураббияи муассисаи томактабии №23-и шаҳри Хуҷанд ва Фирӯза Ғаниева-мураббияи муассисаи томактабии №64-и шаҳри Душанбе соҳиби ҷойи якум ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2020” гардиданд.

Ба ҳамаи иштирокдорон ва ғолибон туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи тадорукоти озмун, нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Таҳмина Абдуалиева дар озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон – 2021” соҳиби ҷойи аввал гардид