Хабарҳо
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 20.01.2022 21:21

Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон дар ноҳияи Айнӣ

( 0 Овоз )

Дар доираи вохӯриҳо бо интихобкунандагон аъзои фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Шарифзода ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Муқим Муродзода бо интихобкунандагони Ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ мулоқот намуда, ба ҳозирин муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд.

Зикр шуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳнамоии Пешвои миллат баҳри рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд ва ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Инчунин дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда  ба истифода дода шуд.

Гуфта шуд, ки  ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Дар ин ҷода, дар бист соли охир 3 ҳуҷҷати стратегии паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад.  Барои татбиқи стратегияву барномаҳои мазкур дар бист соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 174 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолии кишвар танҳо дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатӣ дар се соли охир зиёда аз 25 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ ба истифода дода шуданд.

Дар интиҳо интихобкунандагон ба аъзои фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд доир ба Паём ва масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон дар ноҳияи Айнӣ