Хабарҳо
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 20.01.2022 21:21

Конибодом. Ба ғолибони озмуни «Шоҳин» туҳфаҳо супорида шуд

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Конибодом озмуни «Шоҳин», ки бо ташаббуси Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозилова ва дастгирии шарикони рушд эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Озмуни истеъдодҳои нав миёни наврасони аз 6 сола то 16 сола гузаронида шуда, даври асосии он тариқи онлайн дар шабакаи «Instagram» баргузор ва баҳогузорӣ шуд. Озмун аз рӯи бахшҳо «Ҳаҷвнигорӣ», «Сурудхонӣ», «Рақс» ва «Навозиши асбобҳои мусиқӣ» гузаронида шуда, дар натиҷаи овоздиҳӣ ва интихоби ҳайати ҳакамони озмун Дилшод Ҳомидов ҷойи аввал, Дилноза Бурҳониддинова ҷойи дуюм ва Олимҷон Алиев ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

Соҳибони ҷойи аввал бо ноутбук, ҷойи дуюм бо планшет ва ҷойи сеюм бо дучарха қадрдонӣ шуданд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар даври ниҳоии ин озмун бештар аз 30 нафар ширкат варзиданд ва дар ниҳоят беҳтаринҳо муайян шуданд.

Мақсади баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои нав ва таблиғи санъат миёни наврасон маҳсуб мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Конибодом. Ба ғолибони озмуни «Шоҳин» туҳфаҳо супорида шуд