Хабарҳо
ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА БА ГАРДИШИ КИШОВАРЗӢ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД! - 25.01.2022 15:30
Ғолибони озмунҳои "Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ" ва "Китобдори беҳтарин" муайян гардиданд - 25.01.2022 10:35
Дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи истеҳсоли кислород месозанд - 25.01.2022 10:32
Таҷлили Иди Сада дар шаҳри Истаравшан - 25.01.2022 10:30
Меҳмонон аз вилоятҳои Фарғона ва Намангон аз Ашт боздид намуданд - 25.01.2022 10:14
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45

Ҳамватанони азиз! Бо гирифтани ваксина худ ва наздиконамонро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ дорем!

( 0 Овоз )

COVID-19 бемории сироятиест, ки коронавируси охирини ба қарибӣ кашфгардида ба вуҷуд овардааст. То хуруҷи сироят дар шаҳри Уҳани Хитой дар моҳи декабри соли 2019 дар бораи вирус ва бемории нав чизе маълум набуд.

Тибқи иттилои сомонаи covid.tj ба аломатҳои бештар паҳншудаи COVID 19 баландшавии таб, хасташавӣ ва сулфаи хушк тааллуқ доранд. Дар як қатор беморон метавонанд дардҳои гуногун, маҳкамшавии димоғҳо, назла (обравӣ аз бинӣ), фарингит ё диарея қайд гарданд. Одатан ин аломатҳо тадриҷан инкишоф ёфта, суст ифода меёбанд. Дар баъзе шахсони сироятшуда ҳеҷ аломате пайдо намешавад ва онҳо худро бад ҳис намекунанд. Дар бештари ҳолатҳо (наздики 80%) беморҳо шифо меёбанд, дар зимн чорабиниҳои махсуси муолиҷавӣ талаб намешаванд. Тахминан дар яке аз шаш ҳолати COVID-19 аломатҳои вазнин бо инкишофёбии норасоии нафас мушоҳида мешаванд. Дар одамони солхўрда, ҳамчунин шахсони дорои бемориҳои соматикӣ, масалан гипертензияи шарёнӣ, маризиҳои дил ё диабет, эҳтимоли вазнин ҷараён гирифтани беморӣ баландтар аст. Дар ҳолати доштани таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардан мебояд.

Тадбирҳои оддии зеринро риоя намуда, шумо метавонед хавфи сироятёбӣ ё паҳншавии COVID 19-ро коҳиш диҳед:

• Мунтазам дастҳоятонро бо маҳлулҳои спиртдор пок кунед ё бо собун шўед.

Ин барои чӣ лозим аст? Агар дар болои дастҳо вирус ҷой дошта бошад, пок кардани онҳо бо воситаи спиртдор ё шустани дастҳо бо собун онро нобуд месозад.

• Аз одамоне, ки сулфа ва атса мезананд, масофаи на кам аз як метрро риоя намоед.

Ин барои чӣ лозим аст? Ҳангоми сулфа ва атсазанӣ аз даҳон ва бинӣ қатраҳои хурдтарини вирусдор ҷудо мешаванд, ки одам дар атрофи худаш паҳн мекунад. Ба ин гуна шахс аз ҳад зиёд наздик истода, шумо худро ба хавфи нафас гирифтани ин қатраҳо ва сироят ёфтан аз ў, аз ҷумла бо сирояти коронавирус, агар ў ба COVID-19 гирифтор бошад, дучор менамоед.

• Мувофиқи имкон, ба чашмон, бинӣ ва даҳон даст нарасонед.

Ин барои чӣ лозим аст? Дастҳо ба бисёр сатҳҳо мерасанд ва ба онҳо метавонад вирус гузарад. Ба рўйи даст афтода, зарраҳои вирусӣ метавонанд ба чашмон, бинӣ ва ё даҳон гузаранд. Аз ин қисмҳои бадан вирус метавонад ба организм роҳ ёбад ва боиси беморшавӣ гардад.

• Ҳам шумо ва ҳам атрофиён бояд қоидаҳои беҳдошти респираториро риоя намоед. Барои ин бо хами оринҷ ё дастмол ҳангоми сулфа ва атсазанӣ даҳон ё биниро пўшондан лозим аст. Дастмоли истифодашударо дарҳол партоед.

Ин барои чӣ лозим аст? Вирус тавассути қатраҳои хурд интиқол меёбад. Қоидаҳои беҳдошти респираториро қатъиян риоя намуда, шумо метавонед аз бемориҳои вирусие монанди СШРВ (ОРВИ), зуком ва COVID-19 атрофиёнро ҳимоя намоед.

• Агар худро бад ҳис кунед, дар хона бимонед. Ҳангоми баландшавии таб, пайдо шудани сулфа ва нафаскашии душвор ҳарчи зудтар барои ёрии тиббӣ муроҷиат намоед. Дастурҳои мақомоти маҳаллии ҳифзи тандурустиро риоя намоед.

Ин барои чӣ лозим аст? Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳифзи тандурустӣ маълумоти мубрамтаринро оид ба вазъ дар ноҳияи зисти шумо доранд. Муроҷиати саривақтӣ барои ёрии тиббӣ ба мутахассисони соҳаи тиб имкон медиҳад, ки шуморо фавран ба муассисаи табобатии муносиб равон кунанд. Ғайр аз ин, ба ин тариқ шумо худро аз хавф эмин месозед ва метавонед паҳншавии сироятҳои вирусӣ ва дигарро пешгирӣ намоед.

• Тағйиротро дар рўйхати минтақаҳои дорои хавфи баланди сирояти COVID 19 (шаҳр ё навоҳие, ки дар онҳо васеъ паҳн гардидани COVID 19 ба қайд гирифта шудааст) пайгирӣ намоед. Мувофиқи имкон аз сафарҳо худдорӣ кунед, алалхусус агар шумо одами солхўрда ё ин ки гирифтори диабет, бемориҳои дил ё шуш бошед.

Ин барои чӣ лозим аст? Дар ин минтақаҳо шумо худро ба хавфи баланди сирояти COVID 19 дучор мекунед.

Чораҳои ҳимояи инфиродӣ барои онҳое, ки ба наздикӣ (дар давоми 14 рўзи охир) дар минтақаҳои паҳншавии COVID-19 буданд

• Тавсияҳои дар боло арзшударо риоя намоед.

• Агар шумо нотобиро ҳис карда бошед, ҳатто агар аломатҳои беморӣ дар шумо сабук, масалан бо дарди сар, ҳарорати баланди бадан (37,3°C ё зиёдтар) ва ё каме обравӣ аз бинӣ ифода ёбанд, то шифо ёфтан дар хона бимонед. Агар шумо аз касе хоҳиш кунед, ки ба шумо озуқаворӣ орад ва бароятон ба мағоза равад, аз ниқоб истифода баред, то ки одами наздатон меомадаро сироят накунед.

Ин барои чӣ лозим аст? Аз алоқаҳо бо атрофиён худдорӣ намуда ва ба муассисаҳои табобатӣ нарафта, шумо ба ин муассисаҳо ёрӣ мерасонед, ки кори худро босамартар иҷро намоянд ва худу атрофиёнро аз эҳтимоли сирояти COVID-19 ва дигар сироятҳои вирусӣ ҳифз мекунед.

• Агар шумо ба таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор дучор шуда бошед, муроҷиатро барои ёрии тиббӣ ба таъхир наандозед, зеро аломатҳои мазкур метавонанд нишонаи сирояти роҳҳои нафас ё дигар бемории ҷиддӣ бошанд. Фавран ба муассисаи тиббӣ муроҷиат намуда, ба мутахассиси тиб дар бораи сафарҳои охирини худ ё алоқаҳоятон бо шахсони сафаркарда маълумот диҳед.

Ин барои чӣ лозим аст? Муроҷиати саривақтӣ барои ёрии тиббӣ ба мутахассисон имкон медиҳад, ки шуморо фавран ба муассисаи табобатии муносиб равона намоянд. Ғайр аз ин, амали мазкур имкон медиҳад, ки паҳншавии эҳтимолии COVID-19 ва дигар сироятҳои вирусӣ пешгирӣ карда шавад.

Ҳамватанони гиромӣ!

Бо мақсади таъмини солимии худ ва бехатарии атрофиён гирифтани ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҳамватанони азиз! Бо гирифтани ваксина худ ва наздиконамонро аз бемории COVID-19 эмин нигоҳ дорем!