Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ баробар шуд

( 0 Овоз )

Давоми нуҳ моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 14,5 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 131,1 фоиз расонида шуд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 ба миқдори 1 млн. 55,7 ҳазор тонна семент ва 1 млн. 302,3 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш мутаносибан 111,3 ва 96,7 фоизро ташкил намудааст. Ҳамзамон, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли ресмони пахтагин 137,7 фоиз ва газвори пахтагини тайёр 102 фоиз таъмин гардида, дар маҷмўъ, бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 3 ҳазору 606,4 тонна калоба ва 5 млн. 223,6 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудаанд. Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 9 моҳи соли 2021 ба миқдори 371,1 ҳазор тонна орд ва 2 млн. 803,4 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маводи асосии сохтмонӣ аз қабили қубурҳои пластикӣ ба миқдори 989,1 ҳазор метр ё бо суръати афзоиши 119,7 фоиз, рехтаи пӯлодӣ 4 ҳазору 222,1 тонна ё 116,5 фоиз, маҳсулоти кабелӣ 587 тонна ё 166,2 фоиз, профилҳои алюминӣ барои дару тирезаҳо 4 ҳазору 296,2 тонна ё 166,2 фоиз, профилҳои металлӣ 18 ҳазору 441 тонна, профилҳои пластикӣ 1 ҳазору 103,4 тонна ё 120,2 фоиз, халтаҳои полипропиленӣ барои бандубасти маҳсулоти корхонаҳо 36,9 млн. дона ё 102 фоиз, халтаҳои полиэтиленӣ 620,2 тонна ё 120 фоиз, маҳсулоти пластмассагӣ 56,2 млн. дона ё 8,7 баробар, бомпӯши оҳанин 85,4 ҳазор метри тӯлонӣ ё 154,3 фоиз ва шишаи сохтмонӣ 10 ҳазор метри мураббаъ таъмин карда шудааст.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 9 моҳи соли 2021 дар миқёси вилоят 95 корхонаву коргоҳҳои нав бо 794 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд