Хабарҳо
Боздиди ҳайати вилояти Могилёв аз шаҳри Истаравшан - 06.12.2021 09:11
Миёни ширкатҳои истеҳсолии Суғд ва Могилёв 15 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд - 06.12.2021 09:09
Дар Мастҷоҳ боз як зеристгоҳи барқӣ бунёд мегардад - 06.12.2021 09:05
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Дастаи таъиноти махсуси милитсия чорабинии тантанавӣ доир гардид - 04.12.2021 19:41
Боздиди Раиси вилоят аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ - 04.12.2021 19:36
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55

Барномаи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021”

( 0 Овоз )

Тавре қаблан хабар дода будем, рӯзҳои 19 ва 20 октябри соли 2021 дар маркази маъмурии вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021” доир хоҳад шуд.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади муаррифии имкониятҳои иқтисодиву саноатӣ ва кишоварзиву сайёҳии вилояти Суғд, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва таҳкими муносибатҳо бо шарикони рушд ташкил мегардад,  масъулин ва доираҳои соҳибкории кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Белорус, Украина, Қирғизистон даъват шудаанд.

Тибқи барномаи кории ярмарка 19 октябр дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” маросими кушодашавии форуми “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо” ҷараён гирифта, давоми рӯз ҷаласаи панелӣ дар мавзӯҳои  “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо”, “Имкониятҳо ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобила дар соҳаи саноат ва комплекси агросаноатӣ”, “Стандартҳои сифати маҳсулоти содиротӣ”, “Дурнамои рушди бахши сайёҳӣ” сурат мегирад.

20 октябр меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар маросими ифтитоҳи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021” иштирок карда, бо намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзӣ шинос мешаванд. Давоми рӯз ташкили гуфтушунидҳои дуҷониба байни шарикон-соҳибкорону тоҷирон ва муассисону роҳбарони корхонаҳо, масъулини мақомоти давлатии кишварҳои иштироккунанда, муҳокимаи панелии “Дурнамои рушди технологияи рақамӣ” дар назар дошта шуда, бегоҳии ҳамин рӯз маросими пӯшидашавии ярмаркаи байналмилалӣ баргузор мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Барномаи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021”