Дар нуҳ моҳи соли равон дар Исфара 5 коргоҳи нав бо 80 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

13 октябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардида, дар он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми 9 моҳи сипаригаштаи соли 2021 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар дода, афзуданд, ки дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар маҷлиси фаъолон таъкид карда шуд, ки дар ин муддат баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва некуаҳволии аҳолӣ аз тамоми имкониятҳо истифода гардид. Дар давраи ҳисоботӣ 5 коргоҳи нав бунёд ва беш аз 80 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданду дар умум бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 501 адад иншоотҳои гуногунсамт сохта ба истифода дода шуданд. Дар раванди ҷаласа раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода аз масъулин вобаста ба камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ ва ҳам даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, омодагии комил ба мавсими зимистонгузаронӣ ва амсоли ин муваззаф намуд.

Аз ҷумла дар вазифагузориҳои худ шаҳрдори Исфара масъалаҳои бурдани корҳои мафкуравӣ, ҷалби соҳибкорон барои ободониву созандагӣ, таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо мутахассисон, пешгирии ғайримақсадноки харҷи маблағҳо, таъмини нақшаи даъвати тирамоҳӣ, пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои терорристиву экстремистӣ, баландбардории ҳисси ватанпарварии ҷавонон, бурдани тарзи ҳаёти солим, истифодаи самараноки варзишгоҳҳои сохташуда ва бунёди варзишгоҳҳои замонавӣ, диққати хосса додан ба китоб ва китобхонӣ, азхудкунии забонҳо, истифодаи самаранок аз неруи аҳли сухан, хосса васоити ахбори умум, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва иқтидори корхонаҳои саноатӣ, кам кардани қарзи истифодаи қувваи барқ, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди боғҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо аввалиндараҷа ҳисобида, аз масъулин иҷрои самаранок ва саривақтии онҳоро тақозо кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд