Хабарҳо
Мулоқоти доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғд ва Могилёв - 03.12.2021 17:52
Мулоқоти гуруҳи корӣ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо оид ба фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсия - 03.12.2021 15:48
Соҳибкорони Могилёв аз корхонаҳои саноатӣ боздид намуданд - 03.12.2021 10:56
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 03.12.2021 08:49
Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус - 02.12.2021 10:55
Мулоқоти Раиси вилоят бо муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Руслан Страхар - 02.12.2021 10:51
Мулоқоти Раиси вилоят бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко - 02.12.2021 10:39
«ҶАНОБИ ОЛӢ ФАРЗАНДИ СИДДИҚИ* ИН КИШВАР АСТ». Чунин иброз дошт донишманди афғонтабори муқими Олмон Муҳсини Салҷуқӣ - 02.12.2021 08:15
Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Суғд 36 нафар иштирок мекунанд - 02.12.2021 08:09
Шиносоии Раиси вилоят бо корҳои таъмиру азнавбарқароркунӣ дар Қалъаи Хуҷанд - 01.12.2021 13:52

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Кӯдакистони «Зарзамин»-ро ба истифода доданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабии «Зарзамин»-ро ба истифода доданд.

Кӯдакистони мазкур бо фаъолияти чор гурӯҳ барои тарбияти 160 нафар кӯдак пешбинӣ гаштааст.

Иншоот аз 2 ошёна, гурӯҳҳо — хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ, толорҳои мусиқӣ ва варзиш иборат аст.

Бо бунёди кӯдакистони “Зарзамин” 20 ҷойи корӣ фароҳам оварда шуда, барои фаъолият мутахассисони баландихтисоси соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ ҷалб гардидаанд.

Раванди таълим дар муассиса асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, ҳамзамон омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ба роҳ монда мешавад.

Бинои  кӯдакистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сифати баланд дар муддати хеле кӯтоҳ бунёд гардидааст.

Дар шафати бинои асосӣ ошхона, толори маҷлис ва суҳбаткадаҳои мавсимӣ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, муассиса барои таъмини фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба шабакаи худии гармидиҳӣ пайваст гардидааст.

Муассиса бо таҷҳизот, кату рахти хоб, мизу курсиҳо, аёният ва дигар ашёи барои таълими томактабӣ зарурӣ муҷаҳҳазонида шудааст.

Мураббиёну мутахассисон, ҳайати методии кӯдакистон бо истифода аз тарзу усулҳои фаъоли таълим дар татбиқи нақшаву барномаҳои давлатии ба рушди таҳсилоти томактабӣ равонагашта нақши босазо мегузоранд.

Президенти мамлакат таъсису корандозии муассисаҳои томактабиро барои инкишофи кӯдакон муҳим арзёбӣ намуда, масъулинро барои боз ҳам зиёд намудани шумораи кӯдакистон, махсусан дар деҳот вазифадор намуданд.



ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Кӯдакистони «Зарзамин»-ро ба истифода доданд