Дар ноҳияи Мастчоҳ бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

7-уми октябри соли равон дар деҳаи Обиширини Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки намояндагони вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳия муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба истифода дода шуд.

Муассисаи таълимии мазкур дорои 168 ҷойи нишаст буда, аз 6 синфхонаи таълимӣ ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки сохтмони иншооти мазкур дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Фонди Саудии Рушд аз ҷониби «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо»» ба нақша гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд