Хабарҳо
Дар Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ доир шуд - 23.10.2021 13:40
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Бӯстон - 22.10.2021 14:17
Ба ғолибони бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ туҳфаҳо супорида шуд - 21.10.2021 14:52
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракат-Исфара” - 21.10.2021 14:51
Имзои беш аз 100 шартномаи нави ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия - 21.10.2021 13:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков - 20.10.2021 13:57
Маросими кушодашавии ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" - 20.10.2021 14:06
STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan - 20.10.2021 13:58
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35

Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон» гузаронида мешавад

( 0 Овоз )

Нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят - “Ҳақиқати Суғд” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон»-ро эълон намуд.

Озмун бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби ҷавонони соҳибзавқу соҳибистеъдод, дорои дониши баланди сиёсиву фарҳангӣ, эҷодкору навовар, соҳибқалам, дӯстдори касби рӯзноманигорӣ гузаронида шуда, дар он ҷавонони аз 18 то 30 сола иштирок карда метавонанд.  Иштирокчиён бояд ба озмун як мақолаи дорои мазмуни баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳидошта ва як лоиҳаи нашрия, ки дар он маводи сиёсиву фарҳангӣ, адабию бадеӣ ва тарбиявӣ ҷойдодашуда пешниҳод намоянд. Дар озмун кормандони нашрияҳо-журналистони касбӣ иштирок карда наметавонанд.

Маводи иштирокчиёни озмун  аз 10 то 15 – уми ноябри соли равон дар идораи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд”, шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, бинои 35, КВДК “Кохи матбуот”, ошёнаи 4-ум қабул карда мешавад.

Озмун дар арафаи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон» гузаронида мешавад