Хабарҳо
Дар Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ доир шуд - 23.10.2021 13:40
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Бӯстон - 22.10.2021 14:17
Ба ғолибони бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ туҳфаҳо супорида шуд - 21.10.2021 14:52
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракат-Исфара” - 21.10.2021 14:51
Имзои беш аз 100 шартномаи нави ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия - 21.10.2021 13:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков - 20.10.2021 13:57
Маросими кушодашавии ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" - 20.10.2021 14:06
STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan - 20.10.2021 13:58
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35

Кормандони ташкилоту идораҳои шаҳри Хуҷанд ба пахтакорони ноҳияи Спитамен кӯмак расониданд

( 0 Овоз )

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда зиёда аз 150 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сохторҳои марбутаи он бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба марди деҳқон ба маъракаи пахтачинӣ ҷалб карда шуданд.

Ҳашарчиён дар хоҷагии Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен ба чиниши пахта машғул шуда, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани хирмани тиллои сафеди ноҳия гузоштанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ин иқдоми некро барои кӯмаки амалӣ расонидан ба деҳқонони ноҳияи Спитамен хуб арзёбӣ намуда, зикр кард, ки бо истифода аз ҳавои мусоид мо бояд барои бенуқсон чидани ҳар як пағаи пахта саҳмгузорӣ намоем. Зеро пахта ҳамчун ашёи хоми саноатии корхонаҳои шаҳр барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бисёр муҳим буда, ҳамзамон ҷалби ашхоси бекор барои чиниши он як навъи ҷойи кори мавсимӣ низ шуда метавонад.

Раиси ноҳияи Спитамен Темур Нуъмонзода ин иқдомро хуш истиқбол намуда, таъкид дошт, ки ба ин васила ба риштаи дӯстии мардуми шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Спитамен таҳким бахшида мешавад.

Аҳли фарҳанги ноҳияи Спитамен барои ҳашарчиён барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд, ки хастагии онҳоро рафъ намуд.

Воқеан ҳам сокинони шаҳри Хуҷанд дарк намудаанд, ки дар ин шабу рӯз марди деҳқонро бо ҳосили фаровон танҳо набояд гузошт. Зеро пахта сарвати миллат аст.

Кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар як рӯзи ҳашар беш аз 4000 кило пахта ҷамъоварӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Кормандони ташкилоту идораҳои шаҳри Хуҷанд ба пахтакорони ноҳияи Спитамен кӯмак расониданд