Хабарҳо
Дар Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ доир шуд - 23.10.2021 13:40
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Бӯстон - 22.10.2021 14:17
Ба ғолибони бистрўзаи дуюми мавсими пахтачинӣ туҳфаҳо супорида шуд - 21.10.2021 14:52
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баракат-Исфара” - 21.10.2021 14:51
Имзои беш аз 100 шартномаи нави ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия - 21.10.2021 13:35
Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Евгений Коренков - 20.10.2021 13:57
Маросими кушодашавии ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" - 20.10.2021 14:06
STATEMENT Following the Meeting of the Special Services of Iran, Kazakhstan, China, Pakistan, Russia, Tajikistan and Uzbekistan - 20.10.2021 13:58
Дар Гулистон вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд - 19.10.2021 16:06
СУҒД: Дар Форуми "Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо" беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд - 19.10.2021 15:35

Далер Аббосзода сардухтури Беморхонаи марказии Истаравшан таъин шуд

( 0 Овоз )

27 сентябри соли ҷорӣ дар толори Беморхонаи марказии шаҳри Истаравшан маросими муаррифии роҳбарияти беморхона доир гардид.

Тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо назардошти вазъи саломатӣ Обидӣ Фарҳод аз вазифаи сардухтури Беморхонаи марказӣ озод ва ба ҷойи ӯ Аббосзода Далер таъин гардид.

Чуноне аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, Аббосзода Далер 21 апрели соли 1986 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Соли 2010 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино ва соли 2011 Интернатураи клиникиро дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон гузаштааст. Солҳои 2011-2015 дар Маркази байниноҳиявии дилшиносӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2015-2016 табиби муолиҷавӣ дар шӯъбаи амрози дарунии Беморхонаи марказӣ ва дилшиносӣ буд.

Аз моҳи июли соли 2017 то инҷониб дар вазифаи сардори муассисаи давлатии «Маркази байниноҳиявии дилшиносии шаҳри Истаравшан» фаъолият дошт. Аз соли 2020 инчунин ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардухтури Беморхонаи марказӣ фаъолият кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Далер Аббосзода сардухтури Беморхонаи марказии Истаравшан таъин шуд