Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид

( 0 Овоз )

22 - уми сентябри соли равон иттифоқан дар Рӯзи Рӯдакӣ корвони китоби "Тоҷикон" - и аллома Бобоҷон Ғафуров, ки шиносномаву қомуси миллат ба шумор меравад, ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид гардид.

Дар толори Гимназияи рақами1 - и шаҳраки Ғафуров аввалин нусхаҳои туҳфаи Пешвои миллат - китоби "Тоҷикон"- ро Рукмина Сафарзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода, раисони ҷамоату шаҳрак ва собиқадорони барӯманди соҳаҳои мухталифи ҷомеа тақдим дошт.

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода зимни суханронӣ аз қадру манзалат ва арзиши маънавии шоҳасари Бобоҷон Ғафуров ёдоварӣ намуда, ба иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати бо ин тадбири судманд, яъне ба ҳар оила туҳфа намудани китоби "Тоҷикон" ки баҳри афзун намудани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ифтихори ватандорӣ, тарбияи олии ҷавонон ба Ватану ватандорӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи илму дониш, ҳифзу гиромидошти арзишҳои милливу маънавӣ, побарҷову қавӣ нигоҳ доштани озодиву истиқлоли давлатӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ мусоидат менамояд, изҳори сипосмандам худ ва мардуми шарафманди ноҳияро расонид.

Гуфта шуд, ки шоҳасари "Тоҷикон", ки ноҳияи калонтарини мамлакат ба ифтихори зода ва дастпарвари ин диёр  муаллифи китоб,  алломаи машриқзамин, академик Бобоҷон Ғафуров номгузорӣ шудааст,  ганҷинаи нодири миллати тоҷик буда, бо гузашти солҳо арзиши бебаҳои худро боз ҳам афзун намуда истодааст. Итминон дорем, ки ин шиносномаи миллат умри ҷовидонӣ хоҳад дошт. Зеро, дар он таърихи натанҳо халқи тоҷики тоҷик, балки тамоми инсоният дарҷ гардида, бо ин васила таърихи  миллати тоҷики тоҷдор бошукуҳ муаррифӣ гардидааст.

Зафарбек Давлатзода, ба гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ба қайд гирифтан ва ба ҳар оилаи ноҳия расонидани 63 940 нусха китоби "Тоҷикон" - и аллома, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров - туҳфаи арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дод

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд