Дар Ҷамоати деҳоти Ворух сохтмони ду майдончаи нави варзишӣ идома дорад

( 1 Овоз )

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори ҷашни саиди  30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара сохтмони ду иншооти муҳими варзишӣ идома дорад.

Бояд тазаккур дод, ки ин иншооти  муҳими варзишӣ бо саъю эҳтимоми соҳибкорони маҳаллӣ бо сифати баланд бунёд гардида истодааст . Бо ба фаъолият шуруъ намудани майдончаҳои нав дӯстдорони варзиш минбаъд метавонанд ба бозии футбол машғул шаванд, аз тарафи дигар майдончаҳои бозӣ барои ривоҷи футбол ва таблиғи он миёни аҳолӣ мусоидат намуда, сафи дӯстдорони ин намуди варзишро афзун мегардонад.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода  зимни боздид  аз майдончаҳои варзишӣ  бунёди варзишгоҳҳоро, ки барои машқу тамрин, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон пешбинӣ шудааст, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Таъкид шуд, ки ҷавонону наврасон бояд аз ин гуна шароиту имконияти хубу созгори барояшон фароҳам овардашуда самаранок истифода баранд, ба варзиш машғул шаванд ва худро ҷисман обутоб диҳанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд