Кормандони ташкилоту идораҳои шаҳри Истиқлол барои кӯмак ба деҳқонон ба Спитамен омаданд

( 0 Овоз )

12 сентябр кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол барои расонидани кӯмак дар чиниши пахта ба ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.

Ин ташаббус бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо ва беталаф ҷамъоварӣ намудани «тиллои сафед» роҳандозӣ гардид.

Меҳмононро раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешвоз гирифта, дар якҷоягӣ беш аз 6 тонна пахта чинда, ба хирман супориданд.

Хотиррасон менамоем, ки дар вилояти Суғд маъракаи чиниши пахта оғоз ёфта, дар назар аст, ки соли равон 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд