Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Карон пласт»-ро дар ноҳияи Дарвоз мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 27.09.2021 17:58
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ҶДММ «Меваҳои Бадахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд - 27.09.2021 17:54
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти ҶДММ «Таҷ-эт» оғоз бахшиданд - 27.09.2021 17:52
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ дар ноҳияи Дарвоз иштирок намуданд - 27.09.2021 17:50
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чинро аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвоз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони роҳи Дарвоз-дарвозаи Рӯшон санги асос гузоштанд - 27.09.2021 17:45
Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон» гузаронида мешавад - 27.09.2021 14:17
Тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 - 27.09.2021 14:16
Кормандони ташкилоту идораҳои шаҳри Хуҷанд ба пахтакорони ноҳияи Спитамен кӯмак расониданд - 27.09.2021 14:14
Далер Аббосзода сардухтури Беморхонаи марказии Истаравшан таъин шуд - 27.09.2021 14:11
Дар Суғд то имрӯз 40 ҳазору 504 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид - 27.09.2021 11:34

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 30 – солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Сокинони сарбаланди вилоятро бо фарорасии ҷашни муқаддасу таърихии 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрику муборакбод гуфта, ба ҳамагон сиҳату саломатӣ, хотирҷамъӣ, саодати зиндагӣ ва барору комёбӣ орзу менамоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Истиқлолу озодӣ олитарин ва бузургтарин дастоварди мардуми тамаддунсозу фарҳангии мо буда, ҳамчун машъали фурӯзон роҳи моро ба сӯи фардои ободи Тоҷикистони азизамон равшану пурнур месозад”. Воқеан, истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мо имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги қадимаи худро шиносем, анъана ва оинҳои неки миллиамонро аз нав эҳё кунем ва кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ободу озоди дорои фарҳангу тамаддуни бостонӣ муаррифӣ намоем.

Ба шарофати истиқлол, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ халқи шарафманди Ватани маҳбубамон имконият пайдо намуд, ки дар роҳи созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошта, дар ободу пешрафта гардидани он саҳм гузорад.

Сокинони сарбаланду заҳматқарини вилояти Суғд имрӯз аз он шукргузоранд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар муддати сӣ соли соҳибихтиёрӣ ба даст омад, маҳз дар натиҷаи заҳмати суботкоронаи мардуми кишвар ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ба тасвиб расидани силсилаи фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти пурсамари парлумони касбӣ ва қабули қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани Стратегияи миллии рушд, силсилаи барномаҳои соҳавии умумидавлатӣ, таҳкими муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа, сафарҳои Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳо, супориш, дастуру ҳидоятҳои он кас ва андешидани тадбирҳои судманду саривақтӣ аз тарафи роҳбарияти вилоят барои амалисозии ҳадафҳои давлату Ҳукумат заминаи мусоид фароҳам овард. Тоҷикистони тозаистиқлол тавонист, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ баҳри таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат ба ҳисоб мераванд, тавассути сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ, пойгоҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, нақбҳо, шоҳроҳу пулҳои байналмилалии мошингард, корхонаҳои саноатӣ ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ низоми иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маърифатии хешро таҳким бахшад.

Баробари ин, бо назардошти вазъи пуртазоду тағйирёбандаи ҷаҳони муосир, паҳн гардидани бемории сироятӣ ва таъсири он ба иқтисодиёти кишварҳои олам моро зарур аст, ки ба хотири ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, инчунин ҷиҳати пешгирӣ кардани хатарҳои замони нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва дигар омилҳои хатарзо беш аз ҳар вақт саҳмгузор бошем.

Бори дигар, ҷашни ҳумоюни миллӣ - 30 ‐ солагии Рӯзи истиқлоли давлатиро ба ҳамдиёрони гиромӣ сидқан табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ ва дар амалӣ намудани ҳадафҳои созанда дастоварду муваффақиятҳо орзу менамоям.

Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 30 – солагии Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон