Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Карон пласт»-ро дар ноҳияи Дарвоз мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 27.09.2021 17:58
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ҶДММ «Меваҳои Бадахшон»-ро мавриди истифода қарор доданд - 27.09.2021 17:54
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти ҶДММ «Таҷ-эт» оғоз бахшиданд - 27.09.2021 17:52
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ дар ноҳияи Дарвоз иштирок намуданд - 27.09.2021 17:50
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чинро аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвоз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони роҳи Дарвоз-дарвозаи Рӯшон санги асос гузоштанд - 27.09.2021 17:45
Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ озмуни вилоятии «Мухбири ҷавон» гузаронида мешавад - 27.09.2021 14:17
Тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 - 27.09.2021 14:16
Кормандони ташкилоту идораҳои шаҳри Хуҷанд ба пахтакорони ноҳияи Спитамен кӯмак расониданд - 27.09.2021 14:14
Далер Аббосзода сардухтури Беморхонаи марказии Истаравшан таъин шуд - 27.09.2021 14:11
Дар Суғд то имрӯз 40 ҳазору 504 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид - 27.09.2021 11:34

Баргузории конференсияи илмӣ таҳти унвони “Истиқлол-рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ” дар ДДҲБСТ

( 0 Овоз )

4 сентябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти  унвони “Истиқлол-рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ”  доир гардид.

Дар кори конференсия раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Ректори ДДҲБСТ, профессор Муъмин Шарифзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки имрӯз тамоми сокинони Ватани маҳбубамон дар фазои идона ва  рўҳбаландии беназир аз дастовардҳои фараҳбахши соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.

Дар ҳақиқат истиқлоли давлатӣ дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, аз ибтидои ин марҳилаи тақдирсоз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсию иҷтимоии кишвар ба роҳ монда шуд, ки ин падида шоистаи арҷгузорист.

Дар идома раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар мавзӯи “Истиқлол-нишони пойдории давлат ва бахту саодати миллат” баромад намуд. Гуфта шуд, ки воқеан, соҳибистиқлолӣ рамзи саодату ҳуввият, шарти бақои давлату миллат, нишонаи ифтихор ва номус буда, таҳти сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати фарҳангсолори тоҷик тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини биҳиштосои хешро мустақилона интихоб намуд.  Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат  истиқлолу озодӣ таҳким ёфта, сулҳу субот пойдор ва рушду нумўи давлатдории миллӣ таъмин шуд.

Инчунин дар конференсия  иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорхон Муҳиддинов дар мавзӯи “Нақши иҷлосияи Шӯрои олӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ“, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, дотсент Далер Дадоматов дар мавзӯи “Соҳибистиқлолӣ-заминаи рушди соҳибкорӣ”  баромад намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Баргузории конференсияи илмӣ таҳти унвони “Истиқлол-рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ” дар ДДҲБСТ