Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:18
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи муштараки “Зарафшон” - 14.07.2020 18:16
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент - 14.07.2020 18:14
Имрӯз ҷаласаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 13.07.2020 20:29
Боздиди Раиси вилоят аз раванди бунёди хонаи баландошёна барои муҳоҷирони экологӣ - 14.07.2020 14:02
Боздиди Раиси вилоят аз Кооперативи тиҷоратии​ «Тухмипарварии Чоркӯҳ»​ ва Кооперативи тиҷоратии​ «Кишоварзони Навгилем» - 13.07.2020 15:09
Исфара. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 13.07.2020 14:45
Дар шаҳри Исфара 288 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст - 13.07.2020 14:34
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба тадбирҳои амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 13.07.2020 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти қудратӣ ва давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд - 11.07.2020 11:00

Ба истифода додани фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии Бобоҷон Мақсуд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

( 0 Овоз )

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд”-ро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки масоҳати фермаи ширию молии мазкур 6 гектарро ташкил дода, дар ин ҷо зиёда аз 350 сар чорвои калони зоти сиёҳалои навъи тоҷикӣ парвариш карда мешавад. Аз шумораи умумии чорвои калон 120 сар ширдеҳ буда, аз ҳар сар солона 3 ҳазору 569 литр шир истеҳсол мегардад. Парвариши зоти сиëҳалои навъи тоҷикӣ ба шароит ва иқлими минтақа мутобиқ буда, маҳсулнокии ин зоти чорвои калон хеле зиëд мебошад.

Аснои шиносоӣ бо фаъолияти чорвопарварон Пешвои миллат ҷиҳати афзун намудани саршумор ва хушзоткунии чорвои калон бо истифодаи захираву имконоти мавҷуда дастуру маслиҳати муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” дорои 2178 гектар замин буда, аз ин шумора 213 гектар замини обӣ ва 136 гектарашро замини корами лалмӣ ташкил медиҳад. Дар ин хоҷагӣ ҳамасола бо вуҷуди захираи кофии хӯроки чорво майдони 1740 гектар чарогоҳ мавҷуд аст, ки барои рушди соҳа заминаи боэътимод мегузорад. Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” дорои техникаи кишоварзӣ буда, аҳли заҳмат барои ҷамъоварии хӯроки чорво аз онҳо ба таври васеъ истифода менамоянд. Ҳамкории чорводорон бо олимону мутахассисони соҳа дар сатҳи зарурӣ сурат гирифта, дар заминаи тавсияҳои илмӣ бо роҳи хушзоткунӣ маҳсулнокии чорвои калон ҳамасола афзун мегардад. Шири истеҳсолнамудаи фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ ба ду корхона саривақт дастрас ва аз он якчанд номгӯӣ маҳсулоти ширӣ омода карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти ширии истеҳсолнамудаи корхонаҳои ватанӣ, ки дар фермаи ширию молии кооперативи Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд ва барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақобатпазири ивазкунандаи воридот ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Аҳли заҳмати кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” дар баробари рушди соҳаи чорводорӣ, инчунин дар самти боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва зироаткорӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, ҳамасола ҳосили дилхоҳи меваю сабзавот мегиранд.

Дар Хоҷагии деҳқонии “Бобоҷон Мақсуд” зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин буда, аз ин шумора 26 нафар занону духтарон дар фермаи ширию молӣ фаъолият менамоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба истифода додани фермаи ширию молии кооперативи тиҷоратии Хоҷагии деҳқонии Бобоҷон Мақсуд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров