Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

ҶАББОР РАСУЛОВ: Истифодаи босамари замини наздиҳавлигӣ

( 0 Овоз )

Тайи чанд сол инҷониб мардуми меҳнатдӯсти Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, дар он барои парвариши сабзавоти барвақтӣ бунёди гармхонаҳои хурдро ба роҳ монда, ба ин васила дар баробари бозори дохилӣ дигар шаҳру манотиқи кишварро низ бо сабзавоти тару тоза таъмин менамоянд.

Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 2,62 гектар гармхона ташкил карда шудааст, ки аз он 13 адад типи хитойӣ мебошад.

Дар суҳбат сокини Ҷамоат Ҳошимҷон Раҳмонбердиев гуфт, ки дар қитъаи наздиҳавлигӣ шаш гармхонаи хурд, ки ҳар кадомаш аз 1 то 6 сотихӣ мебошад, бунёд ва кишти сабзавоти барвақтиро ба роҳ мондаанд. Тавре мо худ шоҳид гаштем, айни ҳол кашничу укроп, сирпиёз ва дигар намуди сабзавот кишт шудааст. Ба гуфти хоҷагидор баъди ба фурӯш баровардани сабзавот боз дигар зироат кишт карда мешавад. Соли гузашта ӯ дар ин гармхона карам, бодиринг, қаланфури булғорӣ ва дигар намуди сабзавотро парвариш намуда, ҳосили хуб гирифт.

- Маҳсулоти гармхонаро асосан ба бозори “Панҷшанбе” - и маркази вилоят ба фурӯш мебарорем, зеро он ҷо харидори зиёд дорад. Таъсиси гармхона боиси афзоиши даромад, фаровонии рӯзгорамон гардид, - гуфт ҳини суҳбат Ҳ. Раҳмонбердиев. Имсол низ ният дорем, майдони гармхонаро зиёд карда, кишти сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, бозорҳои шаҳру навоҳиро таъмин намоем.

Ҳамчунин, Абдурасул Ғаффорзода, раиси Ҷамоати деҳоти Деҳмой зикр дошт, ки сокинони маҳал заминҳои наздиҳавлигиашонро самаранок истифода бурда, аз ҳар як замин то се – чор маротиба ҳосил ба даст меоранд. Зикр кардан бамаврид аст, ки имсол бори аввал дар майдони як гектар кишти картошкаи барвақтиро зери плёнка ба роҳ монданд, ки ҳосили он то миёнаҳои моҳи май пухта мерасад. Заминҳои аҳолии Ҷамоат бештар аз 260 гектарро ташкил медиҳад ва имрӯзҳо сокинони минтақа дар парвариши сабзавоти барвақтӣ шуҳратманд гардидаанд.

Дар Ҷамоати мазкур наздик 200 хоҷагӣ бо чунин усул парвариши сабзавоти барвақтиро ба роҳ монда, даромади хуб ба даст меоранд.

Абдуманнон Эгамов низ дар замини наздиҳавлигии худ бо ташкили ризоманд гармхонаҳои хурд парвариши сабзавотро ба роҳ мондааст. Ӯ хурсанд аз он аст, ки маҳсулоти кишткардааш дар бозори шаҳри Хуҷанд ба фурӯш рафта, аксари фурӯшандаҳо ӯро мешиносанду эҳтиром мекунанд. Ҳангоми суҳбат зикр сохт, ки имрӯз аз ин ҳисоб зиндагиашро пеш бурда истодаасту бо ин васила саҳми худро дар таъмини бозор бо маҳсулоти худӣ мегузорад.

- Агар идораҳои масъул ба хоҷагиҳо баҳри таъмин бо навъҳои беҳтари тухмӣ ва кӯчатҳо шароити мусоид фароҳам созанд,  барои пешрафти соҳа қадами ҷиддие хоҳад буд. Имрӯзҳо сабзавоти тару тоза аз ҳисоби маҳсулоти гармхонаҳо дар бозорҳои ноҳия фаровон аст. Тавассути сари вақт таъмин гардидани фурӯшгоҳҳои ноҳия бо маҳсулоти гармхонаҳо нархи сабзавот муътадил аст. Айни замон  дар фурӯшгоҳҳои ноҳия нисбат ба минтақаҳои дигари вилоят сабзавот хеле арзон буда, сифаташҳои беҳтар аст, - мегӯяд раиси Кумитаи маҳаллаи деҳаи Деҳмой Ҳомидҷон Эгамов.

Бино ба гуфти масъулини идораи кишоварзии ноҳия то имрӯз кишоварзон 56 тонна маҳсулот истеҳсол намуданд, ки аз он 22,4 тоннааш лимӯ, 7 тонна бодиринг, 12 тонна помидор ва 13,1 тонна дигар навъи сабзавот аст.

Қобили зикр аст, ки истифодаи босамари ҳар ваҷаб замин ва рӯёнидани ҳосили дилхоҳ омили асосии таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба ҳисоб меравад.

Воқеан ҳам имкони соҳиби замин гардидану шароити мустақилона зироат кишт намудан ва фоида ба даст овардан барои кишоварзону сокинони мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ фароҳам омад. Махсусан таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва қабули Барномаҳои рушди соҳа боиси пешрафти бахши кишоварзии мамлакат гардид.

Деҳқонону кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ карда, баҳри рӯёнидани ду - се ҳосил аз як замин аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода менамоянд. Чун деҳқонон дар фаъолияти хоҷагидорӣ мустақил мебошанд, аз ин лиҳоз бештар ҳамон зироатҳоеро кишту парвариш менамоянд, ки фоидаи хуб диҳад.

Роҳандозии фаъолияти гармхонаҳои хурд ва парвариши зироат дар зери плёнка дар фасли зимистон барои таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи  самараноку оқилонаи замин дар мавриди гирифтани чанд намуд ҳосил аз як майдон ба рушди иқтисодиёти сокинон нақши муҳим дорад.

Аз рӯи мушоҳидаю таҳлилҳо маълум мегардад, ки дар гармхонаҳои хурди наздиҳавлигии дар ноҳия мавҷудбуда, ба бозори вилоят маҳсулоти тару тоза  ворид карда мешавад. Таҷрибаҳо собит сохтаанд, ки бо ташкили гармхонаҳои хурд ва оқилона ба роҳ мондани парвариши сабзавот метавон ҳам манфиати хуби иқтисодӣ бардошту ҳам ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ муваффақ шуд. Ин аз марди деҳқон масъулиятшиносӣ ва ҳавасмандиву меҳнатро тақозо дорад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд"


Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд ҶАББОР РАСУЛОВ: Истифодаи босамари замини наздиҳавлигӣ