Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид

( 0 Овоз )

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд аз 17 январи соли 2020, №28 “Дар бораи таъсиси Комиссияи вилоятӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид.

Комиссияи вилоятӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати таъмини иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ таъсис дода шуда, тибқи қарори мазкур ҳайат ва низомномаи Комиссияи вилоятӣ тасдиқ карда шудааст.

Комиссияи вилоятӣ муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар амал татбиқ намуда, дар пеш бурдани сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон ва истилоҳот, ҷустуҷӯи роҳҳои муассири татбиқи ин сиёсат  ва эҷоди шароити мусоид барои тавсеаи забони давлатӣ хизмат мекунад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Share