Дилафрӯз​ Каримова​ ғолиби​ озмуни «Омӯзгори​ соли Тоҷикистон-2019» гардид​

( 0 Овоз )

Омӯзгори​ фанни забони англисии Литсейи математикии №1-и шаҳри​ Хуҷанд​ Дилафрӯз​ Каримова​ бо гирифтани 205 хол​ ғолиби​ озмуни «Омӯзгори​ соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд.​

Тибқи иттилои АМИТ «Ховар» 18 январ озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019», ки муддати се рӯз идома дошт, дар толори Вазорати маориф ва илми​ Ҷумҳурии Тоҷикистон​ ҷамъбаст гардид.

Дар озмун панҷ нафар довталабон​ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон,​ шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат​ аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Омӯзгори фанни физикаи Мактаб–интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Ризоалӣ Мамадназарбеков соҳиби 177 хол, омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни таърихи Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе Саидкарим Раҳимов соҳиби 193 хол ва омӯзгори фанни ҳуқуқи Литсейи ба номи Т.Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова соҳиби 204 хол гардиданд.

Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолиб ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳои рамзӣ, маблағ, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», дипломи Вазорати маориф ва илм, ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва роҳхат ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои истироҳату табобат супорида шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Share