Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд

( 0 Овоз )

Дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 28 феврали соли 2019, № 94 ва бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаҳои илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят соли 2019 озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят гузаронида шуд.

Тибқи баҳогузориҳои ҳайати ҳакамони озмун дар байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Комрон Машарифов - мутахассиси пешбари парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сазовори ҷойи якум, Ғаниҷон Сафаров - магистранти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи дуюм ва Нилуфар Раҳматуллоева - донишҷўи курси 5-уми факултаи телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд.

Дар байни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бошад Донёрбек Мирҳомидов - хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37-уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,  Ҷамшед Назаров - хонандаи синфи 10-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-юми  шаҳри Хуҷанд ва Иқболхўҷа Темирхўҷаев - хонандаи синфи 8-уми муассисаи таҳсилоти ғайридавлатии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд ғолиб эълон гардиданд.

Ба ғолибони озмун аз тарафи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзод дар маҷмуъ 25 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Комрон Машарифов барои ихтирои «Чатри худкор барои ҷамъоварии зардолу», Ғаниҷон Сафаров барои ихтирои «Коркарди комплекси барномаҳои талаффузи матн бо забони тоҷикӣ», Нилуфар Раҳматуллоева барои таҳияи «Китоби электронӣ», Иқболхўҷа Темирхўҷаев барои ихтирои лоиҳаи «Доно», Ҷамшед Назаров барои ихтирои «Ҳавопаймои худидоракунандаи хоҷагӣ» ва Донёрбек Мирҳомидов барои ихтирои «Муҳаррики гармидиҳӣ» ғолиби озмун дониста шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд