Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд

( 0 Овоз )

Соли 2019 ҷиҳати сари вақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншоотҳои обрасон аз ҳисоби буҷетӣ вилоят 5,4 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Аз ҷумла, ба ноҳияи Зафаробод – 1,3 млн. сомонӣ, ноҳияи Мастчоҳ – 1,0 млн. сомонӣ, ноҳияи Ашт - 900 ҳазор сомонӣ, шаҳри Панҷакент-700 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Ҷаббор Расулов - 400 ҳазор сомонӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 400 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ - 700 ҳазор сомонӣ барои омода намудани шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ равона гардид.

Ҳамзамон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман қубури баландфишори пойгоҳҳои обкашии Деҳмой-4 ба масофаи 340 м иваз карда шуд. Пойгоҳи обкашии мазкур санаи 30 марти соли 2019 ба кор дароварда шуда, барои беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ  ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои  минтақаи Рухаки ҷамоати деҳоти  Деҳмои ноҳияи Ҷаббор Расулов мусоидат намуд.

Дар ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров  пойгоҳи обкашии ба номи Исмоил Коҳиров ва Рухак-2 аз таъмир бароварда шуда, қубури баландфишори қутраш 300 мм дар пойгоҳи обкашии Рухак-2 ба масофаи  630 метр иваз карда шуда, дастгоҳи обкашии  290/30 – 2 адад бо муҳаррики барқии 40кВт/соат 2 адад харидорӣ шуда васлу насб карда шуд.

Тадбирҳои роҳандозишуда барои беҳтар намудани таъминоти оби полезӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо мусоидат намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд