Хабарҳо
Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» - 05.08.2020 09:46
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 05.08.2020 09:42
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09

Вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон

( 0 Овоз )

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Жээнбеков 14 январи соли 2020 дар ҷамоати Гулистони шаҳри Исфара бо иштироки роҳбарони мақомоти қудратии ҷонибҳо вохӯрии кории муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Жениш Разоқов ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои наздисарҳадӣ, инчунин муноқишаҳое, ки дар қитъаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуқуъ пайваста буданд, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ оид ба фаъол намудани идомаи тавсифи хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.

Ба роҳбарони ҳокимияти маҳаллии вилоятҳои наздисарҳадӣ ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои бартарафкунанда, ба мақсади пешгирии муноқишаҳо, инчунин ба таври фаврӣ ҳал намудани масъалаҳое, ки аз ҷониби аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар ба вуҷуд меоянд, супориш дода шуд.

Гуфтушунидҳо дар фазои дӯстона баргузор шуда, аз натиҷаи вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон