Хабарҳо
Шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» - 05.08.2020 09:46
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия - 05.08.2020 09:42
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09

Ташрифи беш аз 914 000 шаҳрвандони хориҷӣ ба вилояти Суғд

( 0 Овоз )

Соли 2019 ба қаламрави вилояти Суғд бо мақсади саёҳату тиҷорат ва меҳмонӣ беш аз 914 000 шаҳрвандони хориҷӣ ворид гардиданд, ки нисбати соли 2018-ум 7,4 фоиз зиёд мебошад.

Бояд зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби гардишгарон ба минтақаҳои туристии вилоят тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Дар ин раванд соли гузашта 10 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ёфт ва ҳамин тавр шумораи ширкатҳои сайёҳӣ дар вилоят ба 40 адад расонида шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар ҳудуди вилоят 86 меҳмонхонаву осоишгоҳ, 46 осорхона ва 1190 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамасола иншооти наву замонавӣ бунёд гардида истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ташрифи беш аз 914 000 шаҳрвандони хориҷӣ ба вилояти Суғд