Хабарҳо
Мулоқоти номазадҳо бо интихобкунандагон дар Хуҷанд - 25.02.2020 16:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ - 24.02.2020 17:00
Конибодом. Баргузории мизи муддавар дар мавзӯи “Занон ва интихобот” - 24.02.2020 15:51
Форуми вилоятӣ-вохӯрии наслҳо таҳти унвони «Симои зани тоҷик» баргузор мегардад - 24.02.2020 15:51
Дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дарахтони калонҳаҷми каталпа ва магнолия шинонида шуд - 23.02.2020 15:45
Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон - 24.02.2020 10:58
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.02.2020 08:35
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли ахир беш аз 4000 иншоот ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баҳри бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ин санаи таърихӣ қарорҳои дахлдори Раиси вилоят ба тасвиб расида, дар вилоят 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда то соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 7071 иншооти иҷтимоию истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2019 бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими 2471​ иншоот пешбинӣ шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону саховатмандон инчунин бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ 2666 иншооти тайиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки баробари 107,8 фоизи нақшаи солона мебошад. ​

Дар маҷмуъ, солҳои 2018 ва 2019 дар вилоят аз 7071 иншооти ба нақша гирифташуда 4018 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт.​

Бояд қайд намуд, ки имрўзҳо нақшаи номгўи иншоот аз нав тарҳрезӣ гардида истодааст ва дар нақша ҳаст, ки теъдони умумии иншооти ҷашнӣ ба 8 ҳазор адад расонида шавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду соли ахир беш аз 4000 иншоот ба истифода дода шуд