Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

Ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон - мавзӯи суҳбати аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ноҳияи Айнӣ

( 0 Овоз )

Дирӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ мулоқоти масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар мулоқот раиси ноҳия Муродзода Муқим Қаюм, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсудҷон Низомӣ, намояндаи Прокуратураи вилояти Суғд Саидҷамол Ҷалолзода, намояндагони Кумитаи рушди маҳали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, роҳбарони сохторҳои қудратии ноҳия, раисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шӯъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок карданд.

Тавре таъкид гардид, ки мақсад аз ташкили ҷамъомад иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад.

Коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақсудҷон Низомӣ доир ба масъалаҳои интихоботӣ, раванд, принсипҳо ва дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабинии муҳими сиёсӣ суханронӣ карда, оид ба моҳияти интихобот ва ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон ба иштирокчиён маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Сипас, намояндаи Прокуратураи вилояти Суғд Саидҷамол Ҷалолзода, перомуни таълиму тарбияи ҷавонон, роҳҳои пешгирии ҷавонон аз фирефташавӣ ва шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнӯъ изҳори андеша намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Ҷӯрахон Салимов суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дастаҷамъона дар таҳкими амнияту суботи миллӣ талош варзанд. Зеро, ҳар фарди баномуси Ватанро зарур аст, ки барои ободиву озодӣ ва амнияту осоиштагӣ дар Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошад.

Раиси ноҳия дар фарҷом баргузории чунин мулоқотҳоро ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон муҳим арзёбӣ кард.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон - мавзӯи суҳбати аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ноҳияи Айнӣ