Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

Дар маркази шаҳри Хуҷанд насби арчаи солинавӣ оғоз ёфт

( 0 Овоз )

Дар маркази шаҳри Хуҷанд, рӯбарӯйи маркази савдои «Авасто» насби арчаи солинавӣ оғоз ёфт ва дар назар аст, ки то 10 уми декабр арчаи солинавӣ бо баландии 20 метр ва паҳноии 9 метр қомат афрозад.

Бояд қайд намуд, ки дар ин майдон аз тарафи муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии маркази вилоят аз 15 декабр барномаҳои фарҳангӣ намоиш дода мешавад.

Ҳамзамон, дар ин мавзеъ кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Муассисаи давлатии “Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ”, Театри давлатии мусиқии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назаров, Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён» ансамбли фолклории «Фалак», ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» то поёни моҳи декабр барномаҳои консертии солинавии хешро ба намоиш мегузоранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар маркази шаҳри Хуҷанд насби арчаи солинавӣ оғоз ёфт