Хабарҳо
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00
Ғолибони озмуни "Шоҳмотбози беҳтарин" муайян гардиданд - 21.01.2020 10:51
Таъсиси комиссияи вилоятӣ оид ба муташаккилона гузаронидани маъракаи ободониву кабудизоркунии маҳалли зист - 21.01.2020 10:43
Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид - 21.01.2020 10:39
Озмуни вилоятии “Ҳунарҳои ороишӣ аз санг” гузаронида мешавад ​ - 21.01.2020 10:23

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон вохӯрӣ доир шуд

( 0 Овоз )

Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон вохӯрӣ баргузор гашт.

Тавре аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар доданд, дар вохӯрӣ Нуриддин Саид - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоҷон Нормуҳаммедов – коршиноси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷибой Султонзода - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Мамлакат Раҳматзода - сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд, М. Ибодзода – муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети Академияи 4 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳбоз Ахмедов - мутахассиси пешбари раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Суғд ва доираи васеи устодону донишҷӯён ширкат доштанд.

Зимни вохӯрӣ Абдуллоҷон Нормуҳаммедов, коршиноси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демократӣ”, Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили “Илму маърифат асоси муқовимат бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ”, Мамлакат Раҳматзода - сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд таҳти унвони “Маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон”, М. Ибодзода – муаллими калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети Академияи 4 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба “Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нақши ҷавонон дар он”, Шаҳбоз Ахмедов, мутахассиси пешбари раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Суғд оиди “Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон омили таҳкими субот дар ҷомеа” суханронӣ намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ширкати фаъолона дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ, махсусан шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ гузаронида шуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии интихобкунандагон вохӯрӣ доир шуд