Мубориза бо падидаҳои номатлуб вазифаи аҳли ҷомеа аст

( 1 Овоз )

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом таҳти раёсати раиси шаҳр Зафарбек Давлатзода маҷлиси васеи фаъолон баргузор гардид, ки дар он  масъалаҳои  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти  террористию экстремистӣ ва ҷараёни омодагиҳо ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар маҷлис масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, прокурори шаҳр, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ, сархатиб  ва раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр доир ба сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, роҳҳои пешгирии шомилшавӣ, ҳадафҳои нопоки созмону ташкилоти террористиву экстремистӣ ибрози андеша намуда, ҳамкории самарноки сохторҳои давлатӣ ва аҳолиро барои мубориза бо падидаҳои номатлуб мувофиқи мақсд арзёбӣ карданд.

Раиси шаҳр ба фаъолон, кормандони соҳаи маориф, ҷамоатҳои деҳот, уламои дин барои баргардонидани гумроҳшудагон аз хориҷи кишвар, донишҷӯёни ғайрирасмӣ таҳсилкунанда, ҷоннок намудани фаъолияти китобхонаҳо ва бунёди варзишгоҳҳо дар ҷамоатҳои деҳот, ҷалби ҷавонон ба варзиш, пешгирии бегонапарастӣ байни занону духтарон супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Share