Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва макони бозии кўдакон дар Хуҷанд

( 0 Овоз )

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар микроноҳияи 3-юми маҳаллаи Термурмалики шаҳри Хуҷанд майдончаи варзишӣ ва макони бозии кўдакон ба истифода дода шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд масоҳати умумии иншооти мазкур зиёда аз 2000 метри мураббаъ буда, он аз майдончаи варзишии бозии футбол ва макони бозии кӯдакон иборат аст. Сохтмони иншоот бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хуҷанд, аз ҷониби ҶДММ «Юсуф 2016» дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Бо мақсади таъмини шароити мусоиди сайру гашт ва истироҳати сокинон, бахусус наврасону ҷавонон ва зебо гардонидани намуди зоҳирии ин мавзеъ дар як қисмати майдончаи варзишӣ 1 адад айвонча аз конструксияҳои оҳанин насб карда шуда, 6 адад нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта шуда, 5 адад таҷҳизоти бозии кӯдакон насб гардидааст.

Ҳамзамон роҳравҳои ҳудуди майдончаи варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон сангфарш шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ ва макони бозии кўдакон дар Хуҷанд