Хабарҳо
Мулоқоти номазадҳо бо интихобкунандагон дар Хуҷанд - 25.02.2020 16:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ - 24.02.2020 17:00
Конибодом. Баргузории мизи муддавар дар мавзӯи “Занон ва интихобот” - 24.02.2020 15:51
Форуми вилоятӣ-вохӯрии наслҳо таҳти унвони «Симои зани тоҷик» баргузор мегардад - 24.02.2020 15:51
Дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дарахтони калонҳаҷми каталпа ва магнолия шинонида шуд - 23.02.2020 15:45
Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон - 24.02.2020 10:58
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.02.2020 08:35
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28

Пирӯзии хонандагони макотиби вилоят дар Олимпиадаи ХI Авруосиёгӣ ва Олимпидаи кушоди умумирусиягӣ

( 0 Овоз )

Дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон даври ниҳоии Олимпиадаи ХI Авруосиёгӣ  ва Олимпидаи кушоди умумирусиягии даставӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Шарафи кишвари моро 7 даста  (як даста аз вилояти Суғд ва 6 даста аз шаҳри Душанбе) - ғолибони даври аввали озмун тариқи фосилавӣ ҳимоя намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки аъзои дастаи вилояти Суғд, се нафар хонандагони Литсейи физикӣ - математикии рақами 1 - и шаҳри Хуҷанд - Раҳимҷон Ҳакимов, Абдурафиқи Абдушариф ва Муҳаммадаюб Умаров таҳти роҳбарии омӯзгори литсей Ҳусейнҷон Очилов аз фанни технологияи иттилоотӣ дар  Олимпиадаи ХI Авруосиёгӣ сазовори ҷойи якум ва дар Олимпиадаи кушоди умумирусиягӣ сазовори мақоми сеюм гардиданд.

Ғолибият дар ин озмуни бонуфузи байналмилалӣ имкон дод, ки ҳар се ғолибон минбаъд таҳсили худро дар Донишгоҳи техникии Қазоқистону  Британияи шаҳри Алмаато ва дар Донишгоҳи Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон идома диҳанд.

Дар озмуни даставии Олимпиадаи кушоди умумирусиягӣ бошад, дастаи Литсейи физикӣ - математикӣ сазовори ҷой 3-юм гардид, ки беҳтарин дастовард миёни 256 даста аз давлатҳои ИДМ мебошад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навиди Суғд Пирӯзии хонандагони макотиби вилоят дар Олимпиадаи ХI Авруосиёгӣ ва Олимпидаи кушоди умумирусиягӣ