Хабарҳо
Ҳамдардии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сабаби даргузашти Гулназар Келдӣ - 13.08.2020 20:35
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук мулоқот намуданд - 13.08.2020 16:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд - 13.08.2020 15:59
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ​ китоби​ "Камол дар оинаи пажӯҳиш"​ —​ ро ба нашр расонид - 13.08.2020 15:57
Дар шаҳри Бӯстон Рӯзи кормандони соҳаи тибро ҷашн гирифтанд - 13.08.2020 13:08
Гулистон. Ба 70 нафар кӯдакони ятим ва аз оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ дастрас карда шуд - 13.08.2020 08:45
Дар Хуҷанд ба фарзандони оилаҳои ниёзманд либосҳои мактабӣ эҳдо шуд - 13.08.2020 08:42
Исфара. Гардиши хона ба хонаи табибон дар Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ - 13.08.2020 08:40
Дар бинои нави Муассисаи давлатии маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд 85 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расид - 12.08.2020 10:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент сафар кард - 12.08.2020 10:14

Мулоқоти судманд дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ

( 0 Овоз )

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию худшиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва ширкати фаъолона дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ мулоқот гардид.

Дар чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонзода,​ коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон​ Абдуллоҷон Нурмуҳаммедов, сардори раёсати адлия дар вилояти Суғд Мамлакат Раҳматзода, ректори ДДҲБСТ Муъмин Шарифзода ва намояндаи​ раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Шаҳбоз Ахмедов маърўза намуданд.

Баромадчиён перомуни мавзўъҳои интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демократӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар ташаккули шахсияти ҷавонон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва нақши ҷавонон дар он, илму маърифат асоси муқовимат бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон – омили ҳифзи суботи ҷомеа ҳарф заданд.

Зикр гардид, ки имрўз иқдомҳои наҷибу созандае, ки дар кишварамон роҳандозӣ мешаванд, ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллии тамоми қишрҳои ҷомеа равона гардидааст.​ Бо шарофати иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон ба ҳайси давлати ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шуд.​ ​

Ҳамзамон, имрўз мардуми сарбаланди кишвар​ дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ​ қарор дорад. Ин маъракаҳо дар ҳаёти сиёсии мамлакат тақдирсоз буда, масъулияти ҳар фарди ҷомеаро дучанд месозад. Таъкид карда шуд, ки танҳо бо баланд бардоштани зиракии сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, эҳтироми арзишҳои миллӣ мо метавонем дар ҳифзи якпорчагии кишвар ва ваҳдати​ миллӣ саҳм гузорем.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Мулоқоти судманд дар арафаи маъракаҳои муҳими сиёсӣ