Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард - 17.01.2020 16:06
Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” - 17.01.2020 16:02
Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд - 17.01.2020 16:00
Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид - 17.01.2020 13:27
Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд - 17.01.2020 11:19
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2020 10:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин - 16.01.2020 10:47
Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.01.2020 21:45
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2020 16:48
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд - 15.01.2020 12:43

Аз 3 то 7 декабр бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон семинарҳои омӯзишӣ доир мешавад

( 0 Овоз )

Аз 3 то 7 декабр дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои олии қаламрави вилоят бо иштироки коршиносону намояндагони сохторҳои давлатии кишвар ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон семинарҳои омӯзишӣ баргузор мешавад.

Чунин як семинар имрӯз дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Ҳуқуқи интихоботии худро дон» баргузор гардид. Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд семинарро оғоз намуда, таъкид дошт, ки моҳи марти соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи навбатии аъзои Маҷлиси миллӣ, Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вакилони Маҷлисҳои халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор мегардад. Дар робита ба ин, тибқи дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинарҳои омўзишӣ баргузор шуда истодааст.

Сипас, масъулини Раёсати адлияи вилояти Суғд, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Прокуратураи вилояти Суғд ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баромад карда, доир ба мавзуъи матраҳшуда андешаҳои хешро баён доштанд.

Таъкид шуд, ки тибқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Тибқи меъёрҳои Конститутсия интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва вакилони Маҷлисҳои халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон то рўзи интихобот ба 18 расидааст, қатъӣ назар аз мансубияташон ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва дороии молу мулк ҳуқуқи интихоб кардан доранд.

Мулоқот бо суолу ҷавоб ва пешниҳодоти судманд анҷом пазируфт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Аз 3 то 7 декабр бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон семинарҳои омӯзишӣ доир мешавад