Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард - 17.01.2020 16:06
Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” - 17.01.2020 16:02
Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд - 17.01.2020 16:00
Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид - 17.01.2020 13:27
Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд - 17.01.2020 11:19
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2020 10:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин - 16.01.2020 10:47
Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.01.2020 21:45
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2020 16:48
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд - 15.01.2020 12:43

Ҳамоиши​ гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

30 - юми ноябри соли равон дар Кохи фарҳанги “Суғдиён” – и маркази вилоят​ ҳамоиши​ гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ таҳти унвони​ “Ҷавонон​ –​ пайрави Пешвои миллат” доир гардид.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати​ Ҷумҳурии Тоҷикистон​ Абдуллозода Аҳтам Рустам ва муовини Раиси вилоят​ Баҳоваддин Баҳодурзода иштирок ва суханронӣ намуда, дар вазъияти мутантан ба​ гирандагони Стипендияи Президентӣ​ шаҳодатнома ва маблағи онро тақдим доштанд.

Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суханронии хеш гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои мушарраф гардиданашон ба ин номи пуршараф табрик намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки​ ҷавонони кишвар, аз ҷумла​ вилояти Суғд дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешбурду татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақши муҳим доранд.

- Таваҷҷӯҳ ба фаъолияти ҷавонон ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон имрӯз яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати​ давлатӣ​ маҳсуб ёфта, ба фаъолияти ҷавонон, бахусус хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯён дар қаламрави кишвар эътибори бештар зоҳир гардида, иқтидор ва имкониятҳои онҳо барои пешрафти самтҳои идоракунии давлатӣ босамар истифода мегардад. Ҷавонони вилоят низ дар ҷавоби ин ғамхориҳо пайваста мекӯшанд, ки бо хониши аъло, иҷрои корҳои таҳқиқотии илмӣ, хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва муҳим аз ҳама, дар тарғибу татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон пешсаф ва садоқат ба марзу буми Ватан дошта бошанд, - зикр дошт муовини Раиси вилоят.

Воқеан ҳам тайи солҳои охир ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва мусоидат барои ташаккули фикриву эҷодии онҳо аҳамияти махсус зоҳир гардида, бо дарназардошти афзудани ҳаҷми музди меҳнати кормандони соҳаҳои таъминоти буҷавӣ зиёд шудани ҳаҷми намудҳои Стипендияҳои Президентӣ, Раиси вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳо аз муҳимтарин тадбирҳои дастгирикунандаи давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба хонандагони аълохон маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки алҳол дар миқёси вилоят​ 928 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ​ фаъолият бурда,​ дар онҳо​ зиёда аз​ 550​ ҳазор нафар ба​ таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Боиси қаноатмандист, ки муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии вилоят рисолати аслии хешро баҳри мусоидат ба рушди маърифатнокии ҷомеа, тарбияи шахсиятҳои бузург, арбобони давлативу сиёсӣ, ходимони ҷамъиятӣ, олимону адибон нигаронида, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро бо мутахассисони дорои касбу кори гуногун таъмин менамоянд.

Муовини Раиси вилоят ҳамзамон, аз саҳми ҷавонони фаъол дар рушди ҷомеаи муосир ҳарф зада, мубориза бо амалҳои номатлуюро яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷавонони фаъол арзёбӣ дошт.

Дар ҷамомад изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷавонон​ дар замони рушди босуръати илму техника ба азхудкунии технологияи муосир, ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа, омӯхтану истифода кардани дастовардҳои илм аҳамияти хоса дода, бо маърифати баланд, кӯшишҳову талошҳои пайгирона ва эҳсоси баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ дар пешрафти кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Чорабиниро барномаи рангини фарҳангӣ ҳусни тозае зам намуд.

Баъди ҷамъбасти​ ҳамоиши​ гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​ дар кӯчаи марказии шаҳри Хуҷанд роҳпаймоӣ бо иштироки зиёда аз 1000 нафар ҷавонон доир гашт.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навиди Суғд Ҳамоиши​ гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон​